Имрӯз бахшида ба “Соли маърифати ҳуқуқӣ” ва таҷлил аз 30-юмин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар “Кохи афсарон”-и Вазорати мудофиаи мамлакат Конференсияи ҷумҳуриявӣ баргузор гардид.
Дар конференсияи мазкур намояндагон аз Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Донишкадаи такмили ихтисоси Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раёсати кадрҳо ва таълимоти ҳарбии Вазорати мудофиаи мамлакат, Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Донишкадаи олии сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Донишкада ва Литсейи ҳарбии Вазорати мудофиа ва Донишгоҳи миллии Тоҷикистон иштирок намуданд.
Иштирокчиён зимни баромади худ дар мавзӯъҳои “Нақши Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ташаккули маърифати ҳуқуқӣ”, “Маърифати ҳуқуқӣ ва шуури ҳуқуқӣ-пойдории риояи ҳуқуқҳои инсон ва шаҳрванд”, “Сатҳи баланди ҳуқуқдонӣ-кафолати рушди кишвар”, “Баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии кишвар-вазифаи махсуси мақомоти корҳои дохилӣ: таҳлилӣ ва назариявӣ илмӣ”, “Шуури ҳуқуқӣ ва заминаҳои деформатсияи он”, “Мақоми ҳуқуқи низоъҳои мусаллаҳона дар маърифати ҳуқуқии хизматчиёни ҳарбӣ”, “Ҷинояту ҷинояткорӣ дар байни ҷавонону ноболиғон ва саҳми омӯзгор дар пешгирии он” ва “нақши маърифати ҳуқуқӣ дар баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии ҷомеа” маърӯзаҳои пурмазмун намуданд.
Бояд тазаккур дод, ки баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон яке аз вазифаҳои муҳимтарин ва нахустдараҷаи кишварҳое маҳсуб меёбад, ки роҳи бунёди давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёдро пеш гирифтаанд. Дар моддаи якуми Конститутсияи амалкунанда хусусиятҳои соҳибихтиёрӣ, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягонагии Ҷумҳурии Тоҷикистон дарҷ гардидааст. Арзишҳои номбурда собит месозанд, ки давлат дар пояи қонун ва ҳуқуқ бунёд ёфта, рушди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ ба сатҳи дониш ва маърифати ҳуқуқии аҳолӣ вобастагии зиёд дорад.
Ҳамзамон, ҳамин гуна конференсия дар Раёсати Қӯшунҳои зудамали Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон низ бо иштироки намояндагон аз Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарпрокуратураи ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили Вазорати корҳои дохилӣ, Раёсати танзими анъана ва ҷашну маросими Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раёсати назорати муомилоти нашъаовар ва пешгирии нашъамандии Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи телевизион ва радио, Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати мамлакат, Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва афсарону сарбозони ин навъи қӯшун гузаронида шуд.