Имрӯз бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Федератсияи парапланеризм ва воситаҳои сабуки парвозии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, инчунин Корхонаи воҳиди давлатии хизматрасонии корпуси дипломатии «Дипсервис» дар ноҳияи Данғара нахустин Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба парапланеризм барои дарёфти Ҷоми Пешвои миллат баргузор гардид.
Чорабинии мазкур дар доманакуҳои деҳаи Хуррамзамини ноҳияи Данғара оғоз ёфт. Субҳи барвақт дустдорони варзиши парапланеризм дар макони баргузории чорабинӣ ҷамъ омаданд. Варзишгарону меҳмононро сокинони ноҳияи Данғара бо урфу одатҳои дерина ва нону намак истиқбол гирифта базму тараб ташкил намуданд…. Роҳбарони корпусҳои дипломатӣ, намояндагони ташкилотҳои байналмилалӣ, ҷавонону фаъолони вилояти Хатлон ва зиёда аз 100 варзишгар аз давлатҳои Осиё, Аврупо ва Амрико, аз ҷумла Арманистон, Беларус, Ҳиндустон, Қазоқистон, Чин, АМА, Туркия, Узбекистон пеш аз оғози чорабинии варзишӣ аз намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ ва гушаҳои варзишӣ дидан намуданд.
Дар маросими ифтитоҳи мусобиқаи байналмилалӣ оид ба парапланеризм Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфиқор Гулаҳмадзода ва Раиси федератсияи парапланерӣ ва воситаҳои парвози сабуки Тоҷикистон Абдулло Хайруллоев суханронӣ намуданд. Таъкид гардид, ки намуди варзиши парапланеризм ва воситаҳои парвози сабук яке аз намудҳои маъмул ва дӯстдоштанӣ маҳсуб меёбад, ки Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш дар якҷоягӣ бо Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон ва Федератсияи миллии парапланеризм ва воситаҳои парвози сабуки Тоҷикистон барои рушди минбаъдаи ин намуди варзиш ва дарёфти чеҳраҳои нав ҷиҳати иштирок дар мусобиқаҳои сатҳи байналмилалӣ тамоми тадбирҳои заруриро роҳандозӣ менамояд. Гуфта шуд, ки ҳадаф аз баргузории ин мусобиқаи байналмилалӣ пеш аз ҳама муаррифии шоистаи фазову имкониятҳои хуби варзишии ҷумҳурӣ ва рушди варзиши парапланеризм буда, баҳри кашфи чеҳраҳои нав дар самти ин варзиши экстрималӣ мусоидат мекунад.
Тибқи нақша гурӯҳе аз варзишгарон тариқи ҳавопаймои хурд аз баландии 5 000 метр бо парашют парвоз анҷом дода ба замин фуруд омаданд. Ҳар яке баргузории мусобиқаро бо шуру шавқ тамошо мекард. Аз ҳама лаҳзаҳои ҷолиби ин чорабинии варзишӣ дар он буд, ки парвозгарон дар фазо парчами милии Ҷумҳурии Тоҷикистонро парфишон менамуданд.
Ҳамин тавр мусобиқаи мазкур дар фазои дӯстӣ ба анҷом расид ва беҳтарин варзигшарон ки аз худ маҳолати ҷолиб нишон доданд бо туҳфаҳои хотирмон сарфароз гардонида шуданд.
Нуралӣ Каримов,
радиои “Тоҷикистон“