Дар даври аввали ниманиҳоии Лигаи Чемпионҳо дастаҳои “Бавария” ва “Реал Мадрид” бо ҳам рақобат намуданд. Бозии дастаҳо дар варзишгоҳи “Алянс Арена”-и шаҳри Мюнхен баргузор шуда, бо ҳисоби мусовии 2 бар 2 хотима ёфт.
Дар дақиқаи 24-ум ҳамлавари тими “Реал Мадрид” – Винисиус Жуниор ҳисобро боз кард. Дар дақиқаи 53-юм ҳисобро ҳамлагари мизбонон Лерой Сане баробар кард. Дар дақиқаи 57-ум ҳамлагари бошгоҳи Мюнхен Ҳарри Кейн аз зарбаи пеналти дастаашро ба пеш баровард. Дар дақиқаи 83-юм Винисиус аз пеналти гол зад ва дар вохӯрии имрӯза дубл карда, ҳисобро баробар намуд.
Ёдовар мешавем, ки бозии ҷавобӣ байни дастаҳо рӯзи 8 –уми май баргузор мешавад ва дар варзишгоҳи “Сантяго Бернабеу”-и Мадрид баргузор мешавад.