Тоҷикистон ва Индонезия ҳавасмандиашонро ба таҳкими ҳамкории дуҷониба изҳор намуданд

Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Индонезия Ардашер Қодирӣ бо Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Индонезия Ретно Марсудӣ мулоқот намуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Зимни мулоқот ҷонибҳо вазъи кунунии муносибатҳои дуҷониба ва дурнамои ояндаи Тоҷикистон ва Индонезияро баррасӣ карданд.

Ҷонибҳо ҳавасмандиашонро ба таҳкими ҳамкории дуҷониба изҳор намуданд.

Инчунин масъалаи тақвияти ҳамкории ду мамлакат дар самти робитаҳои бисёрҷониба дар доираи созмонҳои минтақавию байналмилалӣ баррасӣ гардид.