Дар ноҳияи Данғара мусобиқаҳои байналмилалӣ оид ба варзиши парапланӣ баҳри дарёфти Ҷоми Президенти Тоҷикистон баргузор шуданд. МегаФон Тоҷикистон ба сифати шарики рақамӣ чорабиниро бо интернети босуръати мобилӣ таъмин намуд.
Дар мусобиқаҳо зиёда аз 100 варзишгар аз давлатҳои Осиё, Аврупо ва Амрико, аз ҷумла Арманистон, Беларус, Ҳиндустон, Қазоқистон, Чин, АМА, Русия, Туркия ва Узбекистон иштирок намуданд. Ҳамаи иштирокчиён имкон доштанд, ки интернети мобилиро аз ширкати «МегаФон Тоҷикистон» бо суръати зиёда аз 55 Мб/с истифода намоянд.
«Мо тамоми кӯшишҳоро ба харҷ медиҳем, ки интернети мо дар ҳар ҷое, ки шабакаи «МегаФон Тоҷикистон» муаррифӣ шудааст, «дар парвоз бошад», яъне бо суръати ниҳоят тез амал кунад. Барои ҳамин варзишгарон-парапланеристон руҳан ба мо наздик ҳастанд. Ҳар яки онҳо озодона на танҳо дар осмон, балки дар интернет низ сайр намуда, хушнудии худро аз пирӯзиҳо ва таассуроташонро аз зебоии кӯҳҳои Тоҷикистон ба обуначиён дар шабакаҳои иҷтимоӣ ифшо менамуданд»,-мегӯяд директори раёсати минтақавии ширкати «МегаФон Тоҷикистон» дар вилояти Хатлон Маҷид Сайтасанов.
МегаФон Тоҷикистон мусобиқаҳоеро, ки бо ташаббуси Федератсияи парапланеризм ва воситаҳои парвозии сабуки Тоҷикистон ва клуби ҷумҳуриявии парвоз бо дастгирии Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Корхонаи воҳиди давлатии «Дипсервис», Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ташкил гардиданд, дастгирӣ намуд.
АКС: ширкати МегаФон Тоҷикистон
манбаъ: АМИТ «Ховар»