ВАРЗИШ

«Истиқлол» бар «Алъ - Қодисия» пирӯз шуд

16.04.2015 18:01

i04153Қаҳрамони секаратаи Тоҷикистон дастаи «Истиқлол» -и  шаҳри Душанбе  дар ҳошияи даври чоруми марҳалаи  гурӯҳӣ  дорандаи Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё дастаи «Алъ- Қодисия» - и  Кувайтро бо ҳисоби 2:0 мағлуб сохт.

 Тӯбҳоро ба дарвозаи ҳариф Фатҳулло Фатҳуллоев ва Манучеҳр Ҷалилов ворид  намуданд.

 Акнун дастаи  «Истиқлол» бо ҳафт хол  дар сатри аввали ҷадвали мусобиқот дар гурӯҳӣ «С» қарор дорад. Дар вохӯрии  дигар  дастаи «Аҳал» -и  Туркманистон бо ҳисоби 3:2  бар дастаи  «Эрбил» -и  Ироқ ғолиб  омад.

 Ёдовар мешавем, ки дастаи «Истиқлол»  29  апрел  дар шаҳри  Доҳаи Қатар бо дастаи «Эрбил» - Ироқ вомехӯрад. 

 

Ғалабаи «Истиқлол» ва «Регар - Тадаз» дар лигаи олӣ

20.04.2015 14:27

i5500119-уми апрел  дар ҷумҳурӣ ду вохӯрии  чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи олӣ баргузор гардид. 

Нахуст дар шаҳри Истаравшан дидор миёни тимҳои «Далерон-Ӯротеппа» ва «Регар-Тадаз» баргузор шуд. Дар вохӯрӣ дастпарварони Алишер Ҳакбердиев бо ҳисоби 2:1 дастболо шуданд.  Ҳамчунин дар варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ дастаи «Барқи тоҷик» (собиқ «Энергетик») бо тими «Истиқлол» қувва озмуданд.

МУФАССАЛ...

 

Курси футболи оммавии ФИФА шурӯъ шуд

23.04.2015 19:16

FIFA03Ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон имрӯз  дар Душанбе Курси байналмилалии ФИФА оид ба футболи оммавӣ «Grassroots» шурӯъ шуд.

Курси мазкур се рӯз идома ёфта, дар он 20 нафар дастурдиҳандаи маҳаллӣ, мутахассисон ва мураббиёни дастаҳои футболи кӯдакона аз тамоми манотиқи кишвар донишҳои амалӣ ва назариявии худро сайқал медиҳанд. Роҳбари курс дастурдиҳандаи ФИФА оид ба футболи оммавӣ Александр Чернухо аз Ҷумҳурии Беларус мебошад.

Дар рӯзи аввали машғулиятҳо дастурдиҳандагон ба барномаи ФИФА шинос шуда, фалсафаи футболи кӯдакона- оммавӣ, тарзи ташкили фестивалу мусобиқаҳоро байни кӯдакон аз худ менамоянд ва инчунин маърӯзаи дастурдиҳандаи ФИФА- ро оид ба футболи оммавӣ «Grassroots» аз худ мекунанд.

МУФАССАЛ...

 
 

Ғалабаи Тоҷикистон бар Малдив

27.03.2015 18:31

images03 15Тими миллии кишвар оид ба футбол аввалин бозии рафиқонаашро дар соли 2015 бо тими миллии Малдив бо ғалаба анҷом дод.
Бозӣ дар Малдив баргузор шуда, тими миллии кишвар бо ҳисоби 0:2 пирӯз шуд. Голҳоро Фатҳулло Фатҳуллоев ва Манучеҳр Ҷалилов заданд.
Ҳайати тими миллии кишвар: Алишер Додов, Соҳиб Саванқулов, Сиёвуш Асроров, Аҳтам Назаров, Эраҷ Раҷабов, Нуриддин Давронов, Умедҷон Шарифов (Аҳтам Ҳамроқулов, 55), Фатҳулло Фатҳуллоев (Ҷаҳонгир Ҷалилов, 83), Дилшод Восиев (капитан), Хуршед Маҳмудов (Иброҳим Рабимов, 73), Манучеҳр Ҷалилов (Фарҳод Тоҳиров, 84). 

 

Мусобиқаи волйбол миёни журналистон

02.04.2015 13:47

volebol03Аз 10 то 14 апрели соли 2015 дар шаҳри Душанбе мусобиқаи кушод оид ба волейбол бахшида ба 85- солагии рӯзномаи «Ҷавонони Тоҷикистон» байни кормандони воситаҳои ахбори омма гузаронида мешавад. 

Дар мусобиқа дастаҳои расонаҳои чопию электронӣ имкони иштирок варзиданро доранд.   

Мавриди зикр аст, ки рӯзномаи Ҷавонони Тоҷикистон аз 5 апрели соли 1930 нашр гардида, имсол аз таъсисёбии он 85 сол пур мегардад. Муассиси ҳафтанома Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ буда, дар он матолиби гуногуни хонданибоб аз ҳаёти ҷавонон ба табъ мерасанд. Дар ин бора  Наврўз Қурбонов , мутахассиси пешбари Бахши таҳлилу иттилооти Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ хабар дод.  

 
 

Саҳифаи 4 аз 9

Back to Top