СОМОНАИ РАДИОИ ТОҶИКИСТОН

 

      Сомонаи расмии радиои Тоҷикистон ( http://radiotoj.tj) 9 - уми сентябри соли 2011 таъсис ёфтааст. Ин сомона фарогири чор шабакаи радиои Тоҷикистон буда, дар бораи шабакаҳо ва кормандони он маълумот медихад. Дар саҳифаи асосии сомона бахшҳои махсус ҷой доранд. 

     Дар бахши «Хабарҳо» ҳамарӯза хабару гузоришҳои тоза аз рӯйдодҳои дохилу хориҷи кишвар ҷой карда мешаванд.

     Бахши «Радио»-и сомона дар бораи мавҷи пахши радио дар саросари кишвар ва дигар хизматрасониҳои техникӣ маълумот пешниҳод мекунад. 

      Дар бахши «Аксҳо» бошад  аксҳои кормандон ва расмҳои манзараҳои кишвар ҷой дода шудааст. 

      Талаботи дигари сомона ин мавҷуд будани бахши иртибот бо истифодабарандагони сомона аст, ки дар сомонаи http://radiotoj.tj   бахши «Саволу ҷавоб» ин вазифаро иҷро мекунад. 

     Сомона, ки мутаалиқ ба радиои Тоҷикистон аст, яке аз самтҳои фаъолияташ ҳамарӯза нашри хабарҳо аст. Аз ин ҷиҳат ҳамарӯза хабарҳои дар нашри Ахбори радио пахш шуда дар сомона монда мешавад. 

Шабакаҳои Радиои Тоҷикистон дар қисмати болои саҳифаи аслии сомона ҷой гирифтаанд, ки дар он ҷадвали пахши барномаҳо, ҳайати эҷодии кормандон дастраси хонандагон карда шудааст. Ҳамчунин иртибот бо маъмурияти радио, кормандону масъулини идораҳо дар онҳо ҷой карда шудааст. 

     Қайд бояд кард, ки сомона ҳарчанд, ки моҳи сентябри соли 2011 таъсис ёфта бошад ҳам, вале моҳи августи соли 2012 дубора фаъол гашт ва аксари ин корҳо аз ин баъд анҷом дода шуд.

    Ба ҳамагон маълум аст, ки дар  ҷаҳони имрӯз дастрасии ҳамаи хабару иттилот ба воситаи мавҷи босуръати интернет таъмин карда мешавад: рӯзномаҳоро дар шакли электронӣ мехонанд, телвизионро ҳам дар интернет тамошо мекунанд ва дар баробари ин радиоро ҳам акнун дар мавҷи интернет дар саросари ҷаҳон мешунаванд. Ба ҳамин хотир маъмурияти радиои Тоҷикистон дар нақша доранд дар наздиктарин муддат радиои Тоҷикистонро дар сомона онлайн (on-line) кунанд.

 

Back to Top