Дастаи мунтахаби ҷавонони то 18-солаи мамлакат ба Санкт-Петербург меравад

futbolДастаи мунтахаби ҷавонони то 18-солаи мамлакат оид ба футбол марҳалаи дуюми омодагиро ба мусобиқаи байналмилалӣ барои хотира ва ҷоизаи аввалин ноиби президенти ФИФА Валентин Гранаткин, ки дар шаҳри Санкт-Петербурги Россия барпо мегардад, шурӯъ кард.
Сармураббии даста Виталий Левченко ин дафъа 22 бозингарро ба машқҳо даъват кардааст. Баробари ба анҷом расидани тамринҳо футболбозони мо дар ҳайати 18 бозингар ба макони баргузории мусобиқа сафар мекунанд.
Ёдрас мешавем, ки дар мусобиқаи байналмилалӣ барои хотира ва ҷоизаи Валентин Гранаткин 16 даста аз кишварҳои гуногуни ҷаҳон ширкат меварзанд.
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар як гурӯҳ бо Юнон (8 январ), Булғория (10 январ) ва Эстония (12 январ) бозӣ мекунад.

 

Back to Top