Изҳори тасаллияти Президент ба пайвандони фавтидагони офатҳои табиӣ

08898Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода, муовини сарвазир Азим Иброҳим, вазири нақлиёт Шералӣ Ганҷалзода, вазири энергетика ва захираҳои об Усмоналӣ Усмонзода, раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ Хайриддин Абдураҳимов, раисони ноҳияҳои аз офатҳои табиӣ зарардида барои ҳарчи зудтар бартараф намудани оқибатҳои ҳолатҳои ногувор, ки дирӯз ва имшаб дар ноҳияҳои Шуғнон, Рушон ва Ванҷу Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, ҳамчунин, дар ноҳияи Рашт рух додаанд, супоришҳои мушаххас дод.

 

Таъкид гардид, ки барои барқарор намудани роҳу пулҳо, хатҳои барқ ва дигар иншооти харобгардида ва пеш аз ҳама барои дастгирии аҳолии осебдида техникаю таҷҳизоти зарурӣ, қувваи корӣ ва тамоми лавозимоти аввалия ба миқдори зарурӣ сафарбар карда шавад.

Бар асари боришоти шадид ва селу обхезӣ дар ноҳияи Рашт 50 хона пурра ва 100 хонаи дигар қисман вайрон шудаанд.

Мутаассифона, тайи шабонарӯзи гузашта дар натиҷаи боришоти шадиду обхезӣ 6 нафар дар ноҳияи Ванҷ ва 1 кас дар ноҳияи Рашт талаф ёфтаанд.

Аз ин хотир, Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба аҳли хонавода ва наздикону пайвандони фавтидагон изҳори тасаллияту ҳамдардӣ намуд. Ба масъулини ҷумҳуриявию маҳаллӣ дастур дода шуд, ки аз аҳволи хонаводаҳои шахсони ҳалокшуда бохабар гардида, дастгирии моддию маънавии худро дареғ надоранд.

Ҳоло бо супориши Президенти мамлакат дар ҳамаи минтақаҳои аз офати табиӣ зарардида корҳои барқарорсозӣ идома дошта, барои аҳолии осебдида кӯмаки зарурӣ расонда мешаванд. Ба онҳо, аз ҷумла, маводи ғизоӣ, либос ва дигар ашёи лозима дастрас мегардад. Ҳамчунин, ба хонаводаҳое, ки аз манзили истиқоматӣ маҳрум гаштаанд, қитъаҳои замин ҷудо карда шудааст ва барои сохтмони хонаҳояшон ба онҳо ҳамаҷониба кӯмак расонда мешавад.

Back to Top