Машқҳои муштараки ҳарбӣ

 

 

tamrinЗиёда аз 100 – нафар пиёдагардони баҳрии ИМА ва Филиппин дар машқҳои муштараки ҳарбӣ – баҳрӣ бо номи «Кооперейшн Эфлот Ридинесс» дар соҳилҳои шимолу – ғарбии Филиппин ширкат кардаанд. Дар ин хусус Агентии «Ассошейтед Пресс» иттилоъ додааст.

Тавре намояндаи Нерӯҳои ҳарбӣ - баҳрии Филиппин Роланд Ҷозеф Меркадо хабар додааст ин машқҳо ба хотири баланд бардоштани сатҳи ҷангии низомиён анҷом дода шудааст. Номбурда гуфтааст, ки ин машқҳо ҳеҷ гоҳ зидди Ҷумҳурии Мардумии Чин ва баҳси ҳудудии байни кишварҳо набудааст. Мавридиди зикр аст, ки «Кооперейшн Эфлот Ридинесс» ҳамасола аз ҷониби Амрико бо яке аз кишварҳои Осиёи ҷанубу – шарқӣ гузаронида мешавад.

 

 

Back to Top