Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антониу Гутерриш вазъияти изтирории иқлимиро дар рӯйи ҷаҳон эълон кард.
Ҷаноби Гуттерриш дар суханронии худ дар ҷаласаи СММ вобаста ба иқлими сайёра гуфт, ки эҳтимол ҳавои сайёра ба таври фоҷеаовар то 3 дараҷа гарм мешавад. Аз ин рӯ, афзуд, ки то ба этидол овардани ин вазъият ҳолати изтирорӣ эълон намоянд. Ӯ ҳамчунин аз кишварҳои ҷаҳон даъват ба амал овард, то ихроҷи гази карбонат (СО2)- ро ба ҳаво коҳиш бидиҳанд. “Ҳар кишвар, ҳар шаҳр, ҳар муассиса ва ҳар корхона бояд барномаи танзими хуруҷи чунин газҳоро то соли 2050 ба танзим дароранд ”, – илова намуд дабири кулли СММ.
Тавре сомонаи DW менависад, тибқи паймони байналмиллалии Париж 110 давлат вазифадор шудаанд, ки то соли 2050 тавлиди гази карбонро камтар кунанд. Аз нигоҳи коршиносон бошад, Чин ва Ҳиндустон кишварҳое мебошанд, ки аз ҳар кишваре бештар чунин газҳоро ихроҷ мекунанду иҷрои паймони байнанлмилалӣ дар онҳо кам ба назар мерасад.