Имрӯз 15 декабри соли 2020 аст ва дар минтақаҳои кишвар ҳавои тағйирёбандаву қурби асъор начандон тағйирёфта ба назар мерасад.
Обу ҳаво
Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки имрӯз дар шаҳри Бохтар ҳавои абрноку бебориш буда, ҳарорати ҳаво шабона 2-4° хунук, рӯзона 3+5° гарм мешавад. Сокинони шаҳри Кӯлобро шабона ҳавои абрнок ва рӯзона ҳавои тағйирёбандаи бебориш интизор аст. Ҳарорати ҳаво шабона 1-3° хунук, рӯзона 2+4° гарм мешудааст. Тибқи маълумоти обуҳавошиносон дар вилояти Хатлон рӯзона эҳтимолияти боришоти нисбатан сусти марҳилавӣ дар назар буда, дар баъзе ноҳияҳо туман мефарояд. Ҳарорати ҳаво дар водиҳои ин минтақа шабона 2-7° хунук, рӯзона 1+6° гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона ҳарорати ҳаво 6-11 хунук, рӯзона -2+3° мешавад.
Ҳавои абрнок, дар баъзе ҳолатҳо барфи суст меборад. Чунин пешгӯӣ мекунанд коршиносон ҳавои шаҳри Хоруғро. Дар шаҳр ҳарорати ҳаво шабона 10-12° хунук, рӯзона 4-6° хунук мешавад. Дар ноҳияи Мурғоб бошад, шабона 22-24° хунук, рӯзона 8-10° хунук мешавад. Умуман, дар ВМКБ ҳавои абрнок, дар баъзе ноҳияҳо тағйирёбанда, дар баъзе ноҳияҳои ғарбии вилоят барфи суст борида, дар ғарби вилоят шабона 9-14 хунук, рӯзона ҳарорати ҳаво 2-7° хунук, дар шарқи вилоят ҳарорати ҳаво шабона 19-24° хунук, дар баъзе ноҳияҳо то 32-37° хунук, рӯзона 5-10° хунук, дар баъзе ноҳияҳо то 12-17° хунук мешавад.
Дар вилояти Суғд ҳарорати ҳаво дар водиҳо шабона 1-6° хунук, рӯзона -1+4°, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 9-14° хунук, рӯзона 0-5° хунук мешаваду дар шаҳри Хуҷанд шабона 2-4° хунук, рӯзона 0+2° гарм мешавад.
Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳарорати ҳаво дар шаҳри Душанберо чунин пешгӯӣ кардааст: Шабона ҳавои абрнок, дар баъзе ҳолатҳо барфи суст борида, рӯзона ҳавои тағйирёбандаи бебориш, туман мефарояд. Ҳарорати ҳаво шабона 4-6° хунук, рӯзона 1+3° гарм мешавад.
Дар НТҶ ҳавои абрнок гуфта шудааст ва ҳарорати онро дар водиҳо шабона 3-8° хунук, рӯзона 0+5° гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 5-10° хунук, (дар ноҳияи Лахш то 13-15 хунук), рӯзона -4+1°, (дар ноҳияи Лахш то 7-9 хунук) пешгӯӣ кардаанд.
Қурби асъор
1 доллари ИМА — 11.3000 сомонӣ;
1 евро – 13.7431 сомонӣ;
1 рубли русӣ — 0.1540 сомониро ташкил медиҳад.
Бонки миллии Тоҷикистон огоҳ мекунад, ки қурб бидуни ӯҳдадории Бонки миллии Тоҷикистон дар хусуси харидорӣ ё фурӯши асъорҳои нишондодашуда бо ин нарх муқаррар шудааст. Қурби мазкур барои бонкҳои ваколатдор дар муайянкунии қурби хариди асъори хориҷӣ аз мизоҷонаш асос шуда наметавонад.
Тақвими рӯз
– Соли 1972, дар ҳамин рӯз нахустин агрегати НБО-и Норак ба кор даромад;
– Қариб як аср пеш, 15 декабри соли 1923 тамғаи ширкати мошинсозии «Шкода» ба қайд гирифта шуд;
– Ҷумҳурии Қирғизистон дар ин рӯзи соли 1990 Декларатсия оид ба истиқлолияти давлатиро қабул кард;
– 15 декабри соли 1972 дар СММ ташкилот оид ба ҳифзи муҳити зист таъсис ёфт;
– Имрӯз Рӯзи хотираи журналистони ҳангоми иҷрои вазифаи хизматӣ ҳалокшуда дар Россия ва Рӯзи кормандони додгоҳ дар Украина мебошад.
15 декабр дар ҷаҳон ҳамчун Рӯзи байналмилалии чой низ ба қайд гирифта мешавад. Ин навбат дар ин бора мехоҳем бигӯем, ки баъзеҳо кашфи чойро ба императори Чини Ҷанубӣ Чен Нунгу (2737-2697 то м.) нисбат медиҳанд. Дар Аврупо чой соли 1600 ба туфайли ширкати британиягии «Ост-Ҳинд» пайдо шудааст.
Дар солҳои аввали пайдоиш чой ҳамчун дору истифода бурда мешуд. Дертар бо фаҳмидани хислатҳои ғизонокӣ истеъмоли он зиёд шуд.
Маълумоте ҳам мавҷуд аст, ки солҳои 1934- 1935 дар замони Шӯравӣ ин зироати субтропикӣ ва тропикӣ барои кишт ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид шуда буд. Натиҷаи таҳқиқот муайян кард, ки ба ғайр аз лимӯ ва афлесун дигар зироат ба иқлими Тоҷикистон мутобиқ нестанд, зеро чой намнокии зиёд талаб менамояд ва иқлими Тоҷикистон ба он мувофиқ нест.