Имрӯз дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мизи гирд таҳти унвони «Масъалаи тарбияи кадрҳои илмӣ дар паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор шуд. Дар чорабинӣ олимону муҳаққиқон аз Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон (АМИТ), Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон (АИКТ), Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (АИДНПҶТ), Комиссияи Олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Муассисаи давлатии «Пажӯҳишгоҳи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ» иштирок намуданд.
Зимни мизи гирд иштирокчиён доир ба мавзуъҳои гуногуне, ки ба масъалаи тарбияи кадрҳои илмӣ, ҷалби ҷавонон ба илм, баланд бардоштани сатҳи касбияти муҳаққиқони ҷавон ва иҷрои ҳадафҳои дар паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон зикршуда вобастаанд, маърӯза намуданд.
Қайд гардид, ки таваҷҷуҳи Сарвари давлат ба рушди илм ва тайёр кардани кадрҳои баландихтисос омили асосии пешрафти устувори ҷомеа ба шумор меравад. Иштирокдорони мизи гирд зарурати ҳамоҳангсозии фаъолияти муассисаҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ва таълимиро барои боз ҳам баланд бардоштани сифати тайёркунии мутахассисон таъкид намуданд.
Муҷиддини Сайфиддин,
радиои «Тоҷикистон»
