Тули чанд соли охир ҳавои Тоҷикистонро тӯфони чангу ғубори шиддатнок фаро гирифтааст. Ба андешаи иқлимшиносон, шароити номусоиди метеорологӣ боиси баланд шудани миқдори зиёди чанг дар атмосфера ва паст шудани сифати ҳаво мегардад.
Имрӯз дар аксар минтақаҳои ҷаҳон офатҳои табиӣ, аз қабили обхезӣ, заминларза ва тӯфонҳои чангу ғубор ба амал меоянд. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ чанд соли охир таъсири тӯфонҳои чангу ғубор ва обшавии пиряхҳо бештар гардида, танҳо дар ду соли охир ба амал омадани чангу ғубор 35 маротиба афзудааст. Вазъи боду ҳаво, махсусан, ҳавои чангу ғуборолуд ба саломатии инсон таъсири манфӣ дошта, он боиси пайдо шудан ва хуруҷи бемориҳои илтиҳобӣ ва аллергикӣ шуда метавонад. Инчунин, ҳавои номусоид сабаби хуруҷи бемориҳои музмини узвҳои нафаскашӣ, бемориҳои дилу рагҳои хунгард ва буғумҳо низ мегардад. Ба андешаи мутахасисисони соҳаи тиб, бемориҳои хусусияти мавсимӣ дошта, ба мисли диққи нафас, ринити аллергикӣ (хунукии умумӣ), полиноз, бемориҳои ишемиявии дил, фишорбаландӣ ва бемориҳои системаи масуният дар чунин ҳаво метавонанд хуруҷ бикунанд.
Маълумоти ТУТ нишон медиҳад, ки тақрибан ҳамаи аҳолии ҷаҳон (99%) аз ҳавое нафас мекашанд, ки аз меъёрҳои дастури ТУТ зиёд аст ва дорои миқдори зиёди моддаҳои ифлоскунанда мебошад. Кишварҳои даромади паст ва миёна аз таъсири баландтарин азият мекашанд. Сифати ҳаво ба иқлими замин ва экосистемаҳои ҷаҳонӣ зич алоқаманд аст. Бисёре аз омилҳои ифлосшавии ҳаво (яъне сӯхтани сӯзишвории истихроҷшаванда) инчунин манбаъҳои партовҳои газҳои гулхонаӣ мебошанд. Аз ин рӯ, сиёсатҳо оид ба паст кардани ифлосшавии ҳаво стратегияи бурднокро ҳам барои иқлим ва ҳам саломатӣ пешниҳод мекунанд.
Бояд зикр намуд, ки ифлосшавӣ ва олудашавии муҳити зист яке аз сабабҳои муҳимтарини паҳншавии бемориҳо маҳсуб шуда, яке аз омилҳои аслии фавти нобаҳангом дар саросари ҷаҳон гардидааст. Бо ин сабаб ҳамасола то чор миллион нафар сокинони ҷаҳон аз кӯдакон то солмандон ба ҳалокат мерасанд. Мувофиқи гузориши интишорнамудаи Агентии Аврупо оид ба муҳити зист (EEA) ифлосшавии ҳаво ба экосистема зарар мерасонад, ки дар натиҷа ҳосили зироатҳо паст мешавад. Тақрибан 75 фоизи экосистемаҳои Аврупо ба сатҳи зараровари ифлосшавии ҳаво дучор мешаванд. Ҳамасола дар Аврупо тақрибан 240 000 бар асари бемориҳои марбут ба ифлосшавии ҳаво мефавтанд. Дар робита ба ин вазъият Иттиҳоди Аврупо барномаеро қабул кардааст, ки тибқи он бояд то соли 2030 дараҷанокии сифати ҳаворо то 50 дарсад коҳид диҳанд. Тибқи маълумотҳои созмонҳои байналмилалӣ ҳамасола дар ҷаҳон, зиёда аз 8 миллиона нафар дар натиҷаи олудагии ҳаво мефавтанд.
Дар изҳороти СММ омадааст, ки кишварҳои Аврупо ва Амрикои Шимолӣ бо оқибатҳои дарозмуддати ифлосшавии ҳаво дучор меоянд. Агар дар ин самт тадбитрҳои муасссири саривақтӣ андешида нашаванд, олудагии ҳаво ба тағирёбии иқлим, саломатии инсонҳо, экосистема, истеҳсоли махсулоти ғизоӣ ва дигар равандҳои табиӣ таъсири манфӣ мерасонанд. Ҳамасола дар ҷаҳон дар натиҷаи олудагии ҳаво миллионҳо нафар мефатанд.
Ба иттилои расонаҳои хабарии ҷаҳонӣ, Комиссияи Аврупо тасмим гирифтааст, ки тавасути ҷорӣ намудани механизми муайян то соли 2030 марги марбут ба ифлосшавии ҳаворо 55% коҳиш диҳад. Дар Аврупо ҳукуматдорон нақша доранд, ки то соли 2035 фурӯши нақлиёти сабукрав ва микроавтобусҳоро, ки бо маводи сӯзишворӣ ҳаракат мекунанд, дар ҳудуди иттиҳод тадриҷан қатъ кунанд. Алакай дар ин самт созишнома миёни намояндагони Парлумони Аврупо ва Шӯрои Аврупо ба имзо расидааст. Гуфта мешавад, ки дар сурати ҷорӣ кардани истеҳсоли мошинҳои тавассути неруи барқ ҳаракаткунанд то соли 2030 партови газҳои зарарнок ба атмосфера аз ҳисоби воситаҳои нақлиёти нунонунтамға 50 дарсад ва бештар аз он кам карда мешавад. Ҳадафи асосӣ ин аст, ки то соли 2035 олудашавии ҳаво аз ҳисоби газҳои гулхонаӣ 100% дарсад коҳиш дода шавад.
Ифлосшавии ҳаво ба саломатии миллионҳо кӯдакон таҳдид мекунад Тибқи гузориши нави ЮНИСЕФ ҳамарӯза бар асари олудагии ҳаво дар Осиёи Шарқӣ ва ҷазираҳои Уқёнуси Ором беш аз 100 кӯдаки то панҷсола мефавтанд. Ин созмон даъват мекунад, ки барои ҳифзи саломатии насли нав чораҳои фаврӣ андешида шавад. Дар гузориши ЮНИСЕФ омадааст, ки дар кишварҳои ифлоскунандаи ҳаво беш аз 500 миллион кӯдак зиндагӣ мекунанд. Ба андешаи таҳлилгарон ифлосшавии ҳаво на танҳо ба саломатии кӯдакон таъсир мерасонад, балки боиси қатъ гардидани фаъолияти муассисаҳои таълимӣ ва аз мактаб дур мондани толибилмон мегардад. Тибқи маълумоти Бонки Ҷаҳонӣ соли 2019 хисороти иқтисодӣ аз ифлосшавии ҳаво дар Осиёи Шарқӣ ва Уқёнуси Ором 2,5 триллион долларро ташкил додааст, ки муодили 9% ММД-и минтақа аст.
