27-уми октябри соли 2025 гуфтугӯи телефонии вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Сарвазир ва вазири корҳои хориҷӣ ва муҳоҷирони Подшоҳии Ҳошимии Урдун Айман ас-Сафадӣ баргузор гардидааст.
Тавре сомонаи Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, дар рафти суҳбат, ки бо дархости ҷониби урдунӣ барпо шуд, ҷонибҳо вазъи кунунӣ ва дурнамои рушди ҳамкориҳои дуҷонибаро баррасӣ карда, перомуни масъалаҳои муҳимми минтақавӣ ва байналмилалӣ табодули афкор намуданд.
