Баррасии масъалаи баргузории Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дар шаҳри Душанбе масъалаи баргузории Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва рушду тавсеаи ҳамкорӣ байни ду давлат дар соҳаи фарҳанг  мавриди  баррасӣ қарор гирифт.

Тавре Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ додааси, ин масъалаҳо зимни  вохӯрии  Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Сатториён бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Го Жиҷун баррасӣ гардиданд.

Дар вохӯрӣ ҷонибҳо оид ба баргузории ҳамоишу форумҳои фарҳангӣ, чорабиниҳои муштарак, баргузории намоишҳо, барномаҳои фарҳангӣ ва табодули таҷриба мубодилаи афкор намуданд. Аз ҷумла, иброз гардид,  ки ҳадафи баргузории Рӯзҳои фарҳангӣ густариш ва тақвияти равобиту ҳамкории судманди фарҳангӣ ва ҳунарӣ байни давлатҳо мебошад.

Ёдовар мешавем, ки аз 25 то 29 апрел Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мардуми Чин доир гардид.

Тибқи иттилои Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон,  ҳамкории фарҳангии Тоҷикистон ва Чин дар асоси «Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Мардумии Чин оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи фарҳанг» ва Барномаи мубодилаи фарҳангӣ байни Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Мардумии Чин амалӣ мешавад.

Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Чин солҳои 2008, 2013, 2019, 2025 ва Рӯзҳои фарҳанги Чин дар Тоҷикистон солҳои 2007 ва  2014 баргузор шуданд.