Баргузории Форуми байналмилалии Тоҷикистону Эрон таҳти унвони «Пули эътимод ва рушд» дар Душанбе

25 октябр дар шаҳри Душанбе бо ташаббуси Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Пули эътимод ва рушд» бо иштироки ҳайати Созмони коғазҳои қиматнок ва биржаҳои Ҷумҳурии Исломии Эрон таҳти роҳбарии Раиси Раёсати созмон Ҳоҷатуллоҳ Саидӣ, ҷомеаи касбии молиявӣ ва коршиносон форуми  байналмилалӣ баргузор шуд. Дар ин хусус  Вазорати молияи  Тоҷикистон хабар медиҳад.

Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода иброз дошт, ки «сафари ҳайати Созмони коғазҳои қиматнок ва биржаҳои Эрон ба Тоҷикистон як қадами муҳими амалӣ дар таҳкими ҳамкории дуҷониба ва рушди ниҳодҳои молиявии мост. Табодули таҷриба бо созмон ба мо барои суръат бахшидан ба татбиқи фишангҳои муосири маблағгузорӣ, аз ҷумла фишангҳои исломӣ ва «сабз» ва баланд бардоштани сифати амалияҳои назоратӣ мусоидат хоҳад намуд».

Дар форум  масъалаҳо вобаста ба  таъсиси гурӯҳи корӣ барои таҳияи лоиҳаҳои пилотӣ, рақамикунонии инфрасохтори платформаи савдо, ҳамчунин имконияти табодули мунтазами коршиносон ва эътирофи тахассуси касбии мақомоти танзимкунандаи ду мамлакат мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Барномаи  форум  аз ҳамоиши омӯзишӣ ва тренингҳои касбӣ, ҷаласаҳои мавзуӣ оид ба «Муқаддима ба бозори сармояи Эрон», «Фишангҳои молияи исломӣ», «ESG ва маблағгузории сабз», «Идоракунии корпоративӣ ва назорат дар бозорҳои рушдёбанда», муҳокимаҳои панелӣ бо иштироки танзимгарон, бонкҳо, ширкатҳои суғурта ва эмитентҳои потенсиалӣ, гуфтушунидҳои B2B ва G2B барои густариши робитаҳои амалӣ ва мубодилаи таҷриба иборат буданд.

Дар доираи форум зиёда аз 80 нафар иштирокчӣ аз  вазорату идораҳои давлатӣ, ширкатҳои калони ватанӣ пас аз анҷоми барномаи омӯзишӣ соҳиби шаҳодатномаҳои хатм гардиданд.