БО УСУЛИ «ДЕҲА БА ДЕҲА». Вохӯрӣ бо сокинони деҳаи Тиллои Сафеди Ваҳдат

Имрӯзҳо дар шаҳри Ваҳдат дар заминаи дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои вусъати робита бо мардум ва баррасии саривақтии муроҷиатҳои шаҳрвандон, ҳалли масъалаҳои ҷойдоштаи маҳал ва даъвати аҳолӣ ба созандагию бунёдкорӣ бо усули “деҳа ба деҳа” ва “мактаб ба мактаб” вохӯриҳо баргузор гардида истодааст.

Чунин вохӯриро гурӯҳи кории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат дар ҳамкорӣ бо сохторҳои дахлдори шаҳр имрӯз дар деҳаи Тиллои Сафеди Ҷамоати деҳоти Гулистон вохӯрӣ доир намуданд.

Дар вохӯрӣ масъулин оид ба дастуру ҳидоятҳои Президенти мамлакат, ки зимни ироаи Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» ҷиҳати донишомӯзии ҷавонон, омӯхтани забонҳои хориҷӣ, таваҷҷуҳи зиёд додан ба фанҳои дақиқ, дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ, дар руҳияи ватандӯстӣ тарбия намудани насли ҷавон, ободии ҷумҳурӣ, ҳифзи амният ва оромии ҷомеа баён намуданд, сухан гуфтанд.
Ҳамзамон, зимни вохӯрӣ муҳтавои қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак» ва «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон» бобати пешгирии ҳамроҳшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористию экстремистӣ, пешгирии қонунвайронкуниҳо байни занон ва ҷавонон, хурофотпарастӣ, худкуши, пешгирии савдои одамон сухан гуфта шуд.

Масъулин зимни вохӯрӣ вобаста ба баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, истифодаи дурусти фарҳанги телефонҳои мобилӣ, пешгирии ҳамроҳшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро, пешгирии либоси ба фарханги мо бегона, роҳ надодан ба таълимоти ғайрирасмии динӣ, тақвият бахшидани ҳисси худшиносию худогоҳӣ ва ватандӯстӣ, риояи намудани танзими анъана ва ҷашну маросим сухан ронда шуд. Бояд гуфт, ки чунин вохӯрию мулоқотҳои гурӯҳи таблиғотӣ дар дигар кӯчаю маҳаллаҳи шаҳр идома дорад.

Сурайёи Сироҷиддин,
радиои «Тоҷикистон»