Шуъбаи маорифи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе ҷиҳати иҷрои Қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 2 майи соли 2025, №252 «Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти шаҳри Душанбе барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2025-2026» корҳои муайянеро ба анҷом расониданд.
Ба иттилои масъулини шуъбаи маорифи ноҳияи мазкур айни замон дар ҳудуди ноҳияи Фирдавсӣ 92 муассисаҳои таълимӣ фаъолият менамоянд, ки аз ин шумора 24 адад муассисаҳои таҳсилоти то мактабии буҷетӣ, 34 адад муассисаҳои таҳсилоти умумии буҷетӣ, 15 адад муассисаҳои таҳсилоти томактабии хусусии ва 19 адад муассисаҳои таҳсилоти умумии хусусию назди идоравӣ мебошанд.
Муассисаҳои таълимии ноҳия дар оғози соли таҳсили 2025- 2026 пурра аз таъмири ҷорӣ бароварда шуда, дар онҳо масъалаи шишабандӣ, таъмири ноқилҳои барқӣ, назорати бехатарӣ аз сохтор, захираи ангишт, ҳезум, сузишвории дизелӣ ва дигар маводҳои зиддилағзиш захира карда шудааст. Аз шумораи умумии муассисаҳои таълимӣ 35 ададашон бо шабакаҳои гармидиҳии шаҳри Душанбе пайваст мебошанд, ки айни замон аз санҷиши гидравлики гузаронидашудабо шиносномаи пайвастшавӣ таъмин карда шуданд. 18 адад муассисаҳои лигар бошанд, бо воситаи буғхонаҳои локалӣ ба гармӣ таъмин мегарданд.
Гуфта шуд, ки 21 адад муассисаҳои таълими ноҳия ба воситаи печҳои аловӣ ва таҷҳизоти гармидиҳандаи барқӣ ба гармӣ таъмин мегарданд. Нақши захираи ангишт низ дар муасисаҳои таълимии ноҳия дар мавсими тирамоҳу зимистони соли 2025-2026 724 тоннаро дар бар мегирад, ки то инҷониб аз ҷониби маъмурияти муассисаҳои таълимии ноҳия пурра иҷро гардидаанд.
Маъмурияти шуъбаи маорифи ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе дар фаъолияти минбаъда низ барои бартараф намудани мушкилиҳо дар самти омодагӣ ба мавсими тирамоҳу зимтстон чораҳои мушаххасро роҳандозӣ менамоянд.
Тибқи нақша дар мавсими тирамоҳу зимистони соли 2025-2026 таъмини маводи сухт ба муассисаҳои таълимии ноҳия 724 тонна ангишт, 220,5 куб ҳезум ва 1730 литр сузишвории дизелиро ташкил дод, ки айни замон Нақшаи мазкур ба пуррагӣ иҷро гардидааст.
Олуфта Шарипова,
радиои «Тоҷикистон»
