Вазорати молияи Тоҷикистон ва Созмони коғазҳои қиматнок ва биржаҳои Эрон ҳамкориро тақвият мебахшанд

25 октябр Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода бо Раиси Раёсати Созмони коғазҳои қиматнок ва биржаҳои Ҷумҳурии Исломии Эрон  Ҳоҷатуллоҳ  Саидӣ  мулоқот намуд, ки дар он ҳамкории дуҷонибаи мавҷуда баррасӣ гардид.

Тавре аз Вазорати молия хабар доданд, мулоқот ба масъалаҳои «Фишангҳои молияи исломӣ», «ESG ва маблағгузории сабз», «Идоракунии корпоративӣ», хуруҷи ширкатҳои саҳомӣ ва ширкатҳои бузурги ватанӣ ба бозорҳои коғазҳои қиматноки дохилӣ ва байналмилалӣ, инчунин татбиқи ҷойгиркунии IPO ва вомбаргҳои инфрасохторӣ равона гардидаанд.

Мусоҳибон дар бораи таъсиси гурӯҳи корӣ барои таҳияи лоиҳаҳои пилотӣ ва рақамикунонии инфрасохтори бозори коғазҳои қиматнокро мувофиқа намуданд. Ҳамчунин имконияти табодули мунтазами коршиносон ва эътирофи тахассуси касбии мақомоти танзимкунандаи ду мамлакат мавриди баррасӣ қарор гирифт.