Аз имрӯз ба баъд дар пойтахти мамлакат-шаҳри Душанбе хатсайри троллейбуси №11 ба фаъолият оғоз кард.
Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе иттилоъ додааст, ки ин хатсайр маҳаллаи 82 – Боғи С.Айниро дар бар мегирад ва , троллейбусҳо дар хатсайри мазкур тавассути хиёбонҳои Исмоили Сомонӣ ва Рӯдакӣ ҳаракат менамояд.
Гуфта шудааст, ки масъулин дар хатсайри №11 троллейбусҳои нави муосир ба роҳ баромада, . пардохти ҳаққи роҳкиро тариқи корти нақлиётӣ анҷом дода мешавад. Ҳар як троллейбус дар умум барои 90 мусофир, бо 22 ҷойи нишаст пешбинӣ шудааст.
Ҳамчунин, рӯзҳои наздик боз 31 адад троллейбуси навъи муосир аз Ҷумҳурии Белорус дастрас карда мешавад ва 14 адад автобуси шаҳрии тамғаи «Акиа Ориё» омодаи кор мегардад.