Дар муассисаи давлатии «Истифодабарии роҳҳои ноҳияи Сино»-и шаҳри Душанбе дар асоси дастуру супоришҳои МИҲД шаҳри Душанбе ҳамзамон дар асоси дастуру супоришҳои МИҲД дар ноҳияи Сино дар заминаи татбиқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба омодагии соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунатазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2025-2026, барои таъмини ҳаракати бемамонияти нақлиёт дар ҳудуди ноҳия ба миқдори 7560-тонна маводи зидди лаѓжиш, ҳамзамон ба миқдори 41 ҳазор литр сӯзишворӣ, аз қабили бензин ва инчунин сӯзишвории дизелӣ захира карда шудааст.
Инчунин барои кормандони муассисаи мазкур маҳсулоти озуқаворӣ ва либбосҳои махсуси гарми зимистона омода карда шудааст.
Ҳамзамон қисмҳои эҳтиётӣ низ барои 60 – адад техникаю механизмҳое, ки ба давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2025-2026 омода карда шудаанд, дар ҳолати хуби техникӣ қарор дошта, қисмҳои эҳтитётӣ низ сад дар сад таъмин мебошанд.
Ба иттилои масъулини Муассисаи давлатии «Истифодабарии роҳҳои ноҳияи Сино»-и шахри Душанбе дар маҷмўъ омодагиҳо ҷиҳати бе мушкили паси сар намудани мавсими сармои солҳои 2025-2026 дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда шудааст.
Олуфта Шарипова,
радиои “Тоҷикистон”
