27 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Подшоҳи Шоҳигарии Тайиланд муҳтарам Маҳа Вачиралонгкорн (Рама X) барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд, ки дар он омадааст:
«Волоҳазрат,
Хабари даргузашти Малика-Модар Хонуми Олиҷоҳ Сирикитро, ки умри пурбаракати худро ба хидмати Ватан ва мардуми Тайиланд бахшида буданд, боиси андӯҳи бепоёни мо гардид.
Дар ин лаҳзаи пурдард ба Шумо, Волоҳазрат, аҳли хонаводаи воломақоми Шоҳигарӣ ва тамоми мардуми дӯсти Тайиланд изҳори ҳамдардиву таъзияи амиқи инҷонибро иброз менамоям».
