Воридот ва истеҳсоли маҳсулоти ғизоӣ дар Тоҷикистон: натиҷаҳои соли 2025

Дар давоми моҳҳои январ декабри соли 2025 ба ҷумҳурӣ 1278,4 ҳазор тонна гандум ба маблағи 300.953,0 ҳазор доллар бо нархи миёнаи 235 доллар (25 доллар нисбати ҳамин давраи соли 2024 коҳиш ёфтааст) барои 1 тонна ворид карда шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта, воридоти он 220,6 ҳазор тонна ё маблағи 26,4 млн доллар ё 20,85 фоиз афзоиш ёфтааст.

Таҳлилҳо нишон медиҳад, ки дар ин давра бозори воридоти гандум рақобатпазир буда, иштирокчиёни бозори молӣ 78 субъекти хоҷагидорро ташкил медиҳад.

Дар моҳҳои январ декабри соли 2025 дар ҷумҳурӣ 811,3 ҳазор тонна гандум истеҳсол гардидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 69,4 ҳазор тонна ё 7,9 фоиз коҳиш ёфтааст, — зикр намуд сардори Хадамоти  зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон   Ҳайдар Раҷабзода зимни нишасти матбуотӣ.

Мувофиқи маълумоти омори гумрукӣ дар моҳҳои январ-декабри соли 2025 ба ҳудуди гумрукии ҷумҳурӣ 51,9 ҳазор тонна орд ба маблағи 16,2 млн доллар бо нархи миёнаи 312 доллар барои 1 тонна ворид карда шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта воридоти он 16,0 ҳазор тонна ва 23,6 фоиз коҳиш ёфтааст.

Иштирокчиёни бозори воридоти орд 41 субъекти хоҷагидорро ташкил медиҳанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 4 субъекти хоҷагидор зиёд мебошад. Воридкунандагони асосии маҳсулоти  мазкур ҶДММ  «Дурахши Осиё» (23,8%), ЧДММ «Саҳад (21,6 %) «Таҷ Тур» (19.5%) ва дигар субъектони хоҷагидор (15) ба ҳисоб мераванд.

Дар баробари ин мувофиқи маълумоти оморӣ дар моҳҳои январ декабри соли 2025 дар ҷумҳурӣ  ба микдори 693,8 ҳазор тонна орд (ба маблағи 1906,7 млн сомонӣ истеҳсол карда шудааст, ки ҳаҷми истеҳсоли он нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 23,6 ҳазор тонна 2 3.5 фоиз афзоиш ёфтааст.

Дар идомаи нишасти матбуотӣ ҳамчунин таъкид шуд, ки тибқи маълумоти омори гумрукӣ дар давоми соли 2025 ба ҷумҳурӣ 191,0 ҳазор тонна шакар ба маблағи 117,5 млн додлар бо нархи миёнаи 615 доллар (34) доллар нисбати ҳамин давраи соли 2024 коҳиш ёфтааст) барои 1 тонна ворид гардидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта дар воридоти он ба миқдори 9,7 хазор тонна ва ё 4,8 фоиз коҳишёбӣ ба назар мерасад.

Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки дар ин давра бозори воридоти шаккар рақобатпазир буда, иштирокчиёни бозори молӣ 69 субъекти хоҷагидорро ташкил медиҳад, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 19 субъекти хоҷагидор зиёд мебошад.

Мувофиқи маълумоти омори гумрукӣ арзиши миёнаи 1 тонна шаккари воридотӣ аз Федератсияи Россия 613 доллар, аз Ҷумҳурии Белоруссия 974 доллар ва Ҷумҳурии Ҳиндустон 514 долларро ташкил медиҳад.

Воридкунандагони асосии маҳсулоти мазкур ҶДММ «Дурахши Осиё” (15,7%), ҶСП «Оби Зулол» (11,0%), ЧДММ «Фабрикаи қаннодии Амира» (5.3%), ба ҳисоб меравад. 

Дар умум нархи 20 намуди маҳсулот назорат ва танзим карда шуда, барои ҳифзи ҳуқуқҳои истеъмолкунандагон тадбирҳо андешида мешавад.

Мувофиқи маълумоти омори гумрукӣ иштирокчиёни бозори воридоти равғани растанӣ 105 субъекти хоҷагидорро ташкил дода, аз ҷониби онҳо дар моҳҳои январ декабри соли 2025 ба ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон 103,7 ҳазор тонна равғани растанӣ ба маблағи 110,2 млн доллар бо нархи миёнаи 1063 доллар барои 1 тонна ворид карда щудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 6888,9 тонна ё 7,1 фоиз афзоиш  ёфтааст.

Аз ҳаҷми умумии равғани воридгардида 85,1% ба Ҷумҳурии Қазоқистон, 11,7% ба Федератсияи Россия ва 3,2 фоизи боқимонда ба дигар давлатҳо рост меояд.

Шоистаи Аҳмад

радиои “Тоҷикистон”