Варзишгарони тоҷик дар сеюмин Бозиҳои Осиёӣ миёни наврасон дар Баҳрайн сазовори 12 медал гардиданд.

Аз 22-юм то 31-уми октябр дар Баҳрайн 3-юмин Бозиҳои Осиёии наврасон баргузор мешавад. Ба барномаи Бозиҳо 26 намуди варзиш шомил аст ва аз рӯйи онҳо 256 мусобиқа баргузор мешавад. Тоҷикистонро 65 варзишгар аз рӯи 12 намуди варзиш намояндагӣ мекунанд. Варзишгарони тоҷик дар сеюмин Бозиҳои Осиёӣ миёни наврасон дар Баҳрайн аз риштаи санъати муҳорибаҳои омехта сазовори 12 медал: 2 тилло 1 нуқра ва 9 биринҷӣ гардиданд.

Ҳамин тариқ, Тоҷикистон дар ҷадвали ҳисоби медалҳо бо 12 медал дар ҷойи 14-ум мавқеъ дорад. Чин бо 69 медал (34 тилло, 24 нуқра, 11 биринҷӣ) дар мақоми аввал, Ӯзбекистон бо 28 медал (14-5-9) дар ҷойи дуюм, Тайланд бо 30 медал (13-12-5) дар зинаи сеюм қарор гирифтаанд.

Варзишгарони мо дар чор рӯзи оянда дар намудҳои бокс, ҷудо, гӯштии тарзи озоду юнонӣ-римӣ, бадминтон, шиноварӣ, ҷиуҷитсу барои ба даст овардани медалҳо талош мекунанд.

Қобили зикр аст, ки дар 2-юмин Бозиҳои Осиёии наврасон, ки соли 2013 дар Нанҷинги Чин доир гашта буд, варзишгарони мо 2 медал – як нуқра, як биринҷӣ ба даст оварда буданд.