Тоҷикистон дар соли 2025 ду қатъномаи муҳими байналмилалиро дар СММ ба тасвиб расонд

Ду қатъномаи Созмони Милали Муттаҳид дар соли 2025, ки аз ҷониби Тоҷикистон  пешниҳод шуданд, ин «Соли байналмилалии маърифати ҳуқуқӣ, 2027″ ва » Нақши зеҳни сунъй дар фароҳам овардани имконоти навин барои рушди Осиёи Марказӣ» қабул гардиданд, ки ин далели равшани эътирофи ҷомеаи ҷаҳонӣ аз нақши созандаи Тоҷикистон дар баррасии масъалаҳои мубрами рӯзнома ҳисоб меравад. Ин матлабро имрӯз Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин аснои нишасти матбуотӣ ба намояндагони ВАО- дохилу хориҷи  кишвар  иттилоъ дод.

Ба маълумоти вазир, пешбурди дипломатияи иқтисодии кишвар дар ростои мусоидат, ҳадафҳои стратегӣ идома ёфта, корҳои мушаххас дар ин самт иҷро гариданд. Ин дар ҳолест, ки  дар давоми сол ҷаласаҳои муштараки комиссияҳои иқтисодии Тоҷикистон бо Қувайт, Ўзбекистон, Арманистон, Эрон, Қазоқистон ва Арабистони Саудӣ баргузор гардида, аз натиҷаи ҷаласаҳо протоколҳои  дахлдор ба имзо расиданд.

Ҳамзамон вобаста ба робитаҳои тиҷоратию иқтисодӣ гуфта шуд, ки робитаҳои тиҷоратию иқтисодӣ бо Афғонистон, бо назардошти аҳамияти  иҷтимой барои мардуми он нигоҳ дошта шуда, ширкатҳо ҳамкориҳоро бо ҳамтоҳои афғонистонии худ пеш бурда, бо дастури Пешвои миллат моҳи сентябр ба мардуми аз Афғонистон кумаки башардӯстона иборат аз 24 номгӯй дар ҳаҷми 3 ҳазор тона ирсол гардид.

Роҷеъ ба густариши робитаҳои судманд бо кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил  таъкид гардид, ки дартин зимн рушди ҳамкориҳо ба  сифати яке аз самтҳои авлавиятнок идома ёфт. Аз ҷумла  сафарҳои расмиву кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Русия моҳҳои март, май ва декабр сурат гирифта, ба робитаҳои байнидавлатӣ такони тоза бахшид.  Дар рафти онҳо дар баробари имзои санадҳои нави ҳамкорӣ, хамчунин мавзӯҳои  мубрами муносибатҳои ду кишвар баррасӣ шуданд.

Сафари давлатии Президенти Русия ба Тоҷикистон моҳи октябр ба  шарикии ду кишвар такони нав бахшид.

Инчунин гуфтушунидҳои сатҳи олии Тоҷикистону Руссия  доираи васеи масоил аз соҳаҳои гуногунро фаро гирифтанд.

Олуфта  Шарипова

радиои “Тоҷикистон”