Боришоти шадиди барф дар Ҷопон. 35 нафар ба ҳалокат расида, 400 нафари дигар маҷрӯҳ шудаанд

Дар Ҷопон бар асари бориши барф 35 нафар ба ҳалокат расида, 400 нафари дигар маҷрӯҳ шудаанд, ки 126 нафари онҳо дар ҳолати вазнин қарор доранд.

Тибқи иттилои расонаҳои маҳаллӣ, аксари фавтидагон пиронсолоне буданд, ки ҳангоми тоза кардани барф аз бомҳо афтода буданд. Минтақаҳои марказӣ ва шимолии кишвар, ки дар маҷмӯъ 15 аз тӯфон бештар зарар диданд. Баландии сатҳи барф дар баъзе минтақаҳо ба ду метр расид. Фаъолити муассисаҳои таълимӣ ва давлатӣ муваққатан қатъ гардиданд.