Шумораи аҳолии Ҷумҳурии мардумии Чин босуръат коҳиш меёбад. Соли 2025 сатҳи таваллуд дар ин кишвар қариб 17% коҳиш ёфтааст.
Тавре агентии иттилоотии Синхуа хабар медиҳад, соли гузашта дар Чин беш аз 7 миллион кӯдак таваллуд шудааст, ки дар муқосиба ба соли 2024 2,5 миллион кам аст. Коршиносон қайд мекунанд, ки коҳиши демографӣ аз соли 2022 инҷониб мушоҳида мешавад ва метавонад дар солҳои оянда шиддат гирад.
