Мулоқот бо мудири кишварӣ ва намояндаи доимии Барномаи озуқавории ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон

4 феврали соли 2026 муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Идибек Қаландар мудири кишварӣ  ва намояндаи доимии Барномаи озуқавории ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон (БОҶ СММ) дар Тоҷикистон Адҳам Мусалламро ба ҳузур пазируфт.

Мулоқот ба муносибати ба анҷом расидани муҳлати фаъолияти Адҳам Мусаллам дар Тоҷикистон танзим гардид.

Дар ҷараёни мулоқот ҳамсуҳбатон ҳолати кунунӣ ва дурнамои рушди ҳамкории судманди Тоҷикистон ва Барномаи озуқавории ҷаҳониро (БОҶ СММ) баррасӣ намуданд.

Дар фарҷом муовини вазири корҳои хориҷӣ бо изҳори сипос аз фаъолияти пурсамари Адҳам Мусаллам дар Тоҷикистон, ба мавсуф муваффақият ва бурдбориҳоро таманно намуд.