Соли 2025 аз мавзеҳои таърихию фарҳангӣ ва минтақаҳои саёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон 1784, 4 ҳазор нафар сайёҳ дидан намуданд, ки аз ин теъдод 1634, 5 ҳазор нафар ба давлатҳои ИДМ ва 149, 9 ҳазор нафар ба давлатҳои хориҷи дур рост меоянд. Дар ин хусус 5 — феврал Раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Ҷумъазода ба рӯзноманигорон иттилоъ дод. Ба маълумоти Раиси Кумита, шумораи сайёҳон дар ин давра ба маротиб зиёд шудааст, ки ин нишондод нисбат ба соли 2024 500 ҳазор нафар зиёд мебошад.
Инчунин вобаста ба Феҳристи давлатии субъектҳои хизматрасонии соҳаи сайёҳии Кумита гуфта шуд, ки дар давраи ҳисоботӣ 191 ширкати сайёҳӣ ба қайд гирифта шудааст, аз ҷумла дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон — 31 адад, шаҳри Душанбе — 93 адад, вилояти Суғд 42 адад, вилояти Хатлон 15 ноҳияҳои тобеи марказ 10 ададро ташкил медиҳад. Ҳамзамон зикр гардид, ки дар давраи ҳисоботӣ дар саросари ҷумҳурӣ 367 адад субъектҳои хизматрасонии сайёҳӣ ба қайд гирифта шуд, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 20 адад зиёд мебошад.
О. Шарипова
радиои “Тоҷикистон”
