Натиҷаҳои фаъолияти Кумитаи кор бо занон ва оила дар соли 2025 ҷамъбаст гардид

5-уми январи соли 2026 дар Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нишасти хабарӣ оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар соли 2025 баргузор гардид.

Дар нишасти хабарӣ  сардори раёсати  рушди иҷтимоии Дастгоҳи  иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  Давлатзода Зулфия, роҳбарият ва кормандони дастгоҳи марказии Кумита, сардори раёсати кор бо занон ва оилаи МИҲД-и ш Душанбе, мудирони шӯъба ва бахшҳои кор бо занон ва оилаи ноҳияҳои ш. Душанбе, директори  Муассисаи давлатии маркази таълимии «Чароғи ҳидоят»  ва иштироки васеи ВАО иштирок доштанд.

Бунавша Файзиддинзода, раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз доштанд, ки тибқи маълумотҳои оморӣ дар соли 2025 дар ҷумҳурӣ 72 437 оила бунёд гардидаанд, ки аз ин теъдод 8535 рӯ ба ҷудошавӣ овардаанд. Таъкид бар он намуданд, ки ҳарчанд нисбат ба соли 2024   ҷудошавии аҳди никоҳ  567 адад камтар аст, вале ҳоло ҳам ташвишовар мебошад.

Сабабҳои онро дар омода набудани ҷавонон ба ҳаёти оиладорӣ арзёбӣ намуданд.

Раиси Кумита дар мавриди ҷалби занон  ба корҳои ободониву тозагии хона, пешгирии никоҳҳои бармаҳал, пошхӯрии оилаҳо, зӯроварӣ дар оила, худкушиву суиқасд ба ҷон андешаҳои худро баён намуда, ба саволҳои хабарнигорону рӯзноманигорон ҷавобҳои мушаххас доданд.

Зарина Мухторзода

радиои “Тоҷикистон”