Мувофиқи маълумоти таҳлилӣ дар соли 2025 дар қаламрави ҷумҳурӣ ҳамагӣ 287 ҳодиса ва ҳолатҳои фавқулоддаи дорои хусусияти табиӣ ба қайд гирифта шудааст. Чунин иттилоъ дод имрӯз зимни нишасти хабарӣ Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҷабалӣ Раҳмоналӣ. Ба маълумоти роҳбари ин ниҳод аз ин шумора, дар 12 ҳолати бавуқуъомада ба иқтисодиёти шаҳру ноҳияҳо зарар расонад, ки маблағи он 20 млн 758 ҳазору 700 сомониро ташкил намуд.
Раҷабалӣ Раҳмоналӣ иброз дошт, ки дар давраи ҳисоботи соли 2024 бошад, дар қаламрави ҷумҳурӣ ҳамагӣ 639 ҳолатҳои фавқулоддаи дорои хусусияти табиӣ ба қайд гирифта шуда буд, ки дар 50 ҳолати он ба иқтисодиёти шаҳру ноҳияҳои кишвар зарар расида, маблағи умумии зарари муайяншудаи он 161 млн 50 ҳазору 100 сомониро ташкил намуда, дар 13 ҳолати бавуқуъомада 17 нафар шаҳрвандони кишвар ба ҳалокат расида буданд.
Сураё Сироҷиддин
радиои “Тоҷикистон”
