Антонио Гутерриш: СММ хатари бо бӯҳрони бузурги молиявӣ рӯбарӯ шуданро дорад

Тибқи изҳороти Дабири кулли СММ Антонио Гутерриш, Созмони Милали Муттаҳид хатари бо бӯҳрони бузурги молиявӣ рӯбарӯ шуданро дорад. Вазъияти ин бӯҳронӣ бинобар мавқеи ИМА ба миён омадааст. Ин кишвар аз маблағгузории бахшҳои асосӣ ва сулҳҷӯёнаи СММ саркашӣ карда, 2 миллиард доллар қарз ҷамъ кардааст. Бояд гуфт, ки Иёлоти Муттаҳида бузургтарин саҳмгузори СММ буда, 22%-и буҷаи муқаррариро ташкил медиҳад. То охири соли 2025, 48 кишвар саҳмҳои худро пурра пардохт накардаанд. Ин созмон ҳушдор медиҳад, ки агар вазъ идома ёбад, СММ метавонад то моҳи июл маблағҳоро аз даст диҳад.