Агентии назорати давлатии энергетикии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчун ниҳоди навтаъсис дар соли 2025 тибқи нақшаи тасдиқгардида 2230 муоинаи техникии дастгоҳҳои барқиро оид ба истифодаи самараноку сарфакоронаи энергияи барқ гузаронид, ки нисбат ба давраи ҳисоботии соли гузашта 319 муоина ё 17% зиёд мебошад, — зикр намуд директори агентӣ Сорбон Холмаҳмадзода зимни нишасти матбуотӣ.
Ҳамчунин зикр гардид, ки дар доираи чораандешиҳои муштарак бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва санҷишҳои мустақилонаи техникии Агентӣ, 2713 ҳолати вайронкунии қоидаҳои истифодаи энергияи барқ ба қайд гирифта шуд, ки ҳаҷми умумии энергияи барқи тасарруфгардида 174,2 млн кВт соат-ро ташкил дода, ба давлат зиёда аз 235,6 млн сомонӣ зарар расонида шудааст, ки дар муқоиса ба давраи ҳисоботии соли гузашта дар ҳачми 167 млн кВт соат ба маблағи 229 млн. сомонӣ зиёд мебошад.
Ҳамзамон, дар асоси муоинаҳои техникӣ оид ба техникаи бехатарии дастгоҳҳои барқӣ нисбат ба 3787 нафар масъулини хоҷагии барқ протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ба маблағи 1,8 млн сомонӣ тартиб дода шуданд, ки дар муқоиса ба давраи ҳисоботии соли гузашта ба маблағи 521 ҳазор сомонӣ ва ё 41% зиёд мебошад.
Инчунин, нисбат ба 2038 адад протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурии аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ пешниҳодшуда қарорҳои дахлдор ба маблағи 492 ҳазор сомонӣ бароварда шуд, ки дар муқоиса ба соли гузашта 827 адад ва 336 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.
Дар ҷараёни санҷишҳои васеъмиқёс дар сохторҳои шабакаҳои барқи шаҳру ноҳияҳо, изофанависии энергияи барқ ба суратҳисоби муштариён дар ҳаҷми беш аз 321 млн кВт соат ба маблағи 106 млн сомонӣ, аз ҷумла, дар филиали ҶСК «Шабакаҳои тақсимоти барқ» дар шаҳри Душанбе 20 млн кВт-соат ба маблағи 3,2 мли сомонӣ, дар филиали ҶСК «Шабакаҳои тақсимоти барқ» дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 123 млн кВт соат ба маблағи 56 млн сомонӣ, дар филиали ҶСК «Шабакаҳои тақсимоти барқ» дар шаҳри Бохтар 113 млн кВт соат ба маблағи 35 млн сомонӣ, дар филиали ҶСК «Шабакаҳои тақсимоти барқ» дар шаҳри Кӯлоб 28 млн кВт соат ба маблағи 6,4 млн сомонӣ, дар филиали ҶСК «Шабакаҳои тақсимоти барқ» дар шаҳри Гулистон 21,5 млн кВт соат ба маблағи 4 млн. сомонӣ, дар филиали ҶСК «Шабакаҳои тақсимоти барқ» дар шаҳри Истаравшан 16 млн. кВт.соат ба маблағи 2,3 млн. сомонӣ ошкор гардид.
Ҳолатҳои сӯистифода ва ҳисобкунии беасоси энергияи барқ дар пойгоҳҳои обкашии Агентии бехдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 57 млн кВт соат ба маблағи 9,3 млн сомонӣ ошкор гардид. Аз ҷумла, дар шаҳру ноҳияҳои Қубодиён 14 млн кВт соат (1,7 млн сомонӣ), Дӯстӣ 11 млн кВт соат (1,4 млн сомонӣ), Восеъ 9,5 млн кВт соат (2,5 млн сомонӣ), Хуросон 5,1 млн кВт соат (1,1 млн сомонӣ), Вахш 4,4 млн кВт: соат (544 ҳазор сомонӣ), Зафаробод 4,4 млн кВт соат (542 ҳазор сомонӣ), Фархор 3,3 млн кВт соат (592 ҳазор сомонӣ), Исфара 2,6 млн кВт соат (319 ҳазор сомонӣ), Бобоҷон Ғафуров 1,8 млн кВт соат (566 ҳазор сомонӣ) ва Ашт 571 ҳазор кВт соат (70 ҳазор сомонӣ) изофанависӣ ҷой дорад.
Вобаста ба ҳолатҳои болозикр маводҳо тартиб дода шуда, ба мақомоти дахлдор ирсол карда шуданд.
Ҳамчунин, дар доираи чораандешиҳои муштарак бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва санҷишҳои мустақилонаи Агентӣ, дар соли 2025 нисбат ба 406 нафар кормандони шабакаҳои барқ, аз ҷумла 375 корманди ҶСК «Шабакаҳои тақсимоти барқ», 12 корманди ҶСК «Шабакаҳои интиқоли барқ», 9 корманди ҶСК «Барқи Тоҷик» ва 10 корманди ҶСК «Помир Энерҷӣ» парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шудаанд.
Дар баробари ин, тибқи хулосаҳои Агентӣ нисбат ба гунаҳкорон зиёда аз 130 парвандаҳои ҷиноятӣ огоз гардидааст.
Шоистаи Аҳмад
радиои “Тоҷикситон”
