Имрӯз дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, бо ташабуси Маркази Синошиносии Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи Баҳоваддинов Мизи муддавар таҳти унвони «Аҳамияти Синошиносӣ ва муаррифии «Осор»-и Ибни Сино» баргузор гардид. Дар ин ҳамоиши илмӣ кормандони раёсати Академия ва Маркази Синошиносӣ, муҳаққиқону донишмандони соҳа иштирок намуда, вобаста ба миллат ва осори Абуалӣ ибни Сино маърӯза хонданд.
Зимни ҳамоиш ноиб Президенти АМИТ — Маҳмаддовуд Саломиён зикр кард, ки дар заминаи бархӯрди тамаддунҳо, қавмҳои гуногун кӯшиш мекунанд ба таври сунъӣ ва бе далелҳои муътамад шахсиятҳои бузурги моро ба монанди Сино ба миллати худ рабт диҳанд. Барои пешгирӣ аз ин Маркази Синошиносӣ як қатор чораҳо андешидааст.
Директори Маркази Синошиносӣ, Рамазон Назариев иброз дошт, ки марказ ният дорад то тамоми осори Ибни Синоро дар 32-ҷилд бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ чоп карда, пешниҳоди хонандагон кунад. «Аз ин 32-ҷилд аллакай 8-ҷилди он чоп шуда, то ҷилди 24-ум тарҷума ва таҳрир шудааст. Танҳо чоп кардан мондаасту халос» — гуфт Рамазон Назариев.
Рустам Зоирзода,
радиои «Тоҷикистон»