Соли 2024 ҷиҳати гуногунсамт гардонидани муҳоҷирати меҳнатӣ Вазорати меҳнат муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон бо давлати Қувайт, Ҷумҳуриҳои Корея ва Япония ёддошти тафоҳум ба имзо расонидааст.
Ба гуфтаи Солеҳа Холмаҳмадзода вазири меҳнат муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон, яке аз шартҳои асосии рафтан ба ин давлатҳо бо мақсади кор, ин донистани забони онҳост. Аз ин хотир дар шаҳрҳои Хуҷанд, Роғун, Бохтар ва ноҳияи Данғара марказҳои касбомӯзӣ ва хизматрасонӣ фаълият доранд, ки барои ба забономӯзи фаро гирифтани хоҳишмандон, ба тариқи ройгон, мусоидат менамоянд.
Соли 2024 дар кишвар аз ҷониби шаҳсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ дар маҷмуъ 247 ҳазору 100 адад ҷойҳои нави корӣ таъсис дода шуд, ки дар муқоиса ба соли 2023, 16 ҳазору 400 адад зиёд мебошад. Солеҳа Холмаҳмадзода вазири меҳнат муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон гуфт, ки дар давраи ҳисоботӣ 991 маротиба ярмаркаҳои ҷойҳои кори холӣ ва вазифаҳои озод баргузор шуд, ки ба ин восита 22 ҳазору 547 нафар бо кор таъмин шуданд.
Ҳамчунин дар нишаст гуфта шуд, ки соли 2024 аз Федератсияи Россия 613 ҳазору 587 муҳоҷир ба кишвар баргаштанд, ки ин шумора дар нисбат ба соли 2023, 554 ҳазор нафар кам мебошад. Қайд гардид, ки аз 613 ҳазору 587 муҳоҷири баргашта 4 ҳазору 331 нафарашон дар маҳалаҳои худ ба кор ҷалб карда шудаанд.
Сарвинози Саидалӣ,
радиои «Тоҷикистон»