Ҳаҷми истеҳсоли маснуоти саноатии ҳунармандон афзудааст

Дар соли 2024 ҳаҷми истеҳсоли маснуоти саноатии ҳунармандон ба 101.9 миллион сомониро ташкил дод, ки дар муқоиса ба соли 2023, 22.3 миллион сомонӣ зиёд мебошад.

Дар ин бора Солеҳа Холмаҳмадзода вазири меҳнат муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон имрӯз зимни нишасти матбуотӣ хабар дода, гуфт, ки соли 2024 дар муассисаҳои таълимии системаи вазорат 14 ҳазору 303 нафар занону духтарон ба омӯзиши ҳунарҳои мардумӣ фаро гирифта шуданд.

Қайд гардид, ки тибқи маълумоти пешакӣ шумораи умумии ҳунармандон зиёда аз 18 ҳазору 654 нафарро ташкил медиҳад.

Сарвинози Саидалӣ,

радиои «Тоҷикистон»