Бо ибтикори Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади пешгирии саривақтӣ, роҳ надодан ба паҳншавии малах, инчунин гузаронидани чораҳои муҳофизатии зироатҳои кишоварзӣ ва боғу токзор аз зараррасону касалиҳо, ҳамзамон дар ин замина баланд бардоштани ҳосилнокӣ ва афзун намудани истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ санаи 28 феврали соли равон дар Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш.Шоҳтемур ҷаласаи Ситоди ҷумҳуриявӣ баргузор гардидааст.
Маркази матбуот ва иттилооти Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар додааст, ки дар Ситод Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳакимзода Қурбон, муовини якуми вазир, сардорони раёсату шуъбаҳои дастгоҳи марказӣ, роҳбарони муассисаву ташкилотҳои зертобеи вазорат, Сарраёсатҳои кишоварзии вилоятҳои Суғду Хатлон ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, намояндаи JICA дар Тоҷикистон Кикучи Татеши ва роҳбари дафтари Ташкилоти озуқа ва кишоварзии СММ ФАО дар Тоҷикистон Олег Гучкелдиев, намояндагони вазоратҳо, кумитаву агентиҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва якқатор олимону мутахассисони соҳа иштирок намуданд.
Дар кори Ситод Роҳбари дафтари Ташкилоти озуқа ва кишоварзии СММ Олег Гучкелдиев, намояндаи JICA дар Тоҷикистон Кикучи Татеши оид ба дастгириҳо дар самти омӯзиш, таъмини таҷҳизоту техникаҳо ва доруву заҳрхимикатҳо оид ба мубориза бар зидди малах, муҳофизати растаниҳо ва боғу токзор аз касалию ҳашаротҳои зараррасон ибрози назар намуданд.
Идомаи кори Ситод Нозанинзода Нусрат доир ба натиҷаи фаъолияти Муассисаи давлатии «Экспедитсияи мубориза бар зидди малах» дар соли 2023 ва Аҳмадов Дилшодбег оид ба фаъолияти Муассисаи давлатии муҳофизати растаниҳо ва химикунонии кишоварзӣ дар соли 2023 ва вазифаҳо дар соли 2024 маърӯза карданд.
Аз ҷониби Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳакимзода Қурбон ба аъзоёни Ситоди ҷумҳуриявӣ ҷиҳати иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба риояи агротехникии зироатҳо, беталаф ҷамъоварии ҳосил, таъмини бозорҳои дохилӣ ва содироти маҳсулот, инчунин ҷиҳати омодагии ҳамаҷониба барои пешгирии саривақтӣ, роҳ надодан ба паҳншавии малах, гузаронидани чораҳои муҳофизатии зироатҳои кишоварзӣ ва боғу токзор аз зараррасону касалиҳо маслиҳату дастурҳои мушаххас дода шудааст.