Имрӯз дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Конфронси илмиву амалии ҷумҳуривӣ дар мавзӯи “Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ховари Миёна: замина, дурнамои ҳамкорӣ ва самтҳои асосии ҳамгироӣ” баргузор гардид.
Дар кори он намояндагони вазорату идораҳои давлатӣ, мутахассисон ва коршиносони самти ховаршиносӣ ва таҳлилгарони масъалаҳои сиёсию иқтисодӣ ширкат варзиданд.
Чорабинии мазкур бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳое, ки дар Паёми Президенти ҶТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ” ва баррасии доираҳои масъалаҳои ҳамкории ҶТ бо кишварҳои Ховари Миёна сурат гирифт.
Дар ҳамоиш масъалаҳои “Ҷустуҷӯйи имкониятҳои истифоданашуда дар муносибатҳо миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кишварҳои Ховари Миёна ва роҳҳои муассири тадбиқи он”, ” Вазъ ва дурнамои гардиши савдо ва тиҷорати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон: дастовардҳо ва мушкилот”, ” Таъсири вазъи Ховари Миёна ба Осиёи Марказӣ” ва амсоли инҳо аз умдататарин масъалаҳое буданд, ки дар рафти ин ҳамоиши сатҳи баланд мавриди баҳс ва барассии коршиносону таҳлилгарон қарор гирифт.
Олуфта Шарипова,
радиои “Тоҷикистон”