БА ИСТИФОДА ДОДАНИ БИНОИ ШӮЪБАИ ТАБИАТШИФОӢ ДАР ШАҲРИ ИСФАРА

Дар Беморхонаи марказии шаҳри Исфара бо иштироки муовини раиси шаҳр Мадина Бобоиён ва роҳбарияти Беморхонаи марказии шаҳри мазкур боз як иншооти ҳаётан муҳим ва бо таҷҳизоти муосири ташхисию табобатӣ муҷаҳҳазгардида, бинои шӯъбаи табиатшифоӣ (физиотерапия) мавриди истифода қарор дода шудааст.

Маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ дар истинод ба иттилои сартабиби Беморхонаи марказии шаҳри Исфара Таибидин Муҳамедов менависад, ки асоси фаъолияти шӯъбаро табобати физиотерапевтӣ ташкил дода, ҳамчунин тавассути таҷҳизотҳои муосири тиббӣ барқарорсозии организми беморон баъди беморӣ роҳандозӣ мешавад. Фароҳамсохти шароити созгор ва заминаи хуби моддӣ–техникӣ имкон медиҳад, ки табобату тавонбахшии беморон зиёд гашта, сатҳу сифати хизматрасонӣ низ беҳтар гардад.

Ба иттилои манбаъ, ҳамарӯза 10 нафар кормандони соҳибтахассус дар утоқҳои барҳаво амалиётҳои физиотерапевтиро аз қабили сӯзандармонӣ, кашиши мӯҳраҳо, шамъдармонӣ, магнитдармонӣ ва ғайра анҷом медиҳанд.