Як суоле дар чанд нишастӣ матбуотӣ аз масъулон пурсида шуд. Набудани муассисаҳои таълимию тандурустӣ, варзишӣ ва мушкили таъмини оби ошомиданӣ дар деҳаи навбунёди Янгиюл-2-и ҷамоати деҳоти Сарвати Истиқлоли ноҳияи Кӯшониён.
Ин суол дар нишастҳои матбуотӣ аз масъулони соҳаи тандурустию маориф, раиси ноҳияи Кӯшониён ва муовини якуми раиси вилояти Хатлон пурсида шуд.
Чуноне иттилоъ гирифтем, ин деҳа аз соли 2008 бунёд шуда, имрӯз тақрибан 1700 нафар сукунат доранд. Хонандагони деҳа тахминан масофаи 4 километрро то муассисаҳои таълимии деҳаҳои ҳамсоя тай мекунанд.
Сардори Раёсати маорифи вилояти Хатлон Ғазалшоҳ Сафарзода дар посухи ин суол гуфт, ки бунёди муассисаҳои таълимӣ дар деҳаҳои навбунёд аз мавзӯъҳои рӯзмарраи соҳаи маориф буда, ҳалталаб боқӣ мемонад. Дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳо деҳаҳои навбунёд ба тадриҷ зиёд шуда истодаанд. Ягон мушкиле нест барои бунёди чанд синфхонаи таълимӣ, аммо мушкил дар он аст, ки солҳои қаблӣ худсарона рафта манзил бунёд кардаанд ва имрӯз на хати барқ доранд, на бунгоҳ, на муассисаи таълимӣ, зеро аз замини обӣ ҷудо намудани қитъа барои сохтмон мушкил аст.
“Ин гуна деҳаҳо дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳо ҳастанд ва ин маълумотҳоро мо дорем. Нисбати ҳар кадоми онҳо ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва Вазорати маориф ва илм пешниҳодҳо мекунем. Кӯшиш мекунем то дар доираи амалишавии барномаҳое, ки ҳамасола пайдо мешавад, аз ҷумла грант ва дигар сарчашмаҳои иловагӣ мушкилоти мавҷуда марҳила ба марҳила бартараф шаванд”- иброз дошт Ғазалшоҳ Сафарзода.
Дар посухи ин суол сардори Раёсати тандурустии вилояти Хатлон Шарифзода Шайдулло иброз дошт, ки дар деҳаи Янгиюл дар ҳақиқат эҳтиёҷ ба бунёди бунгоҳи тиббӣ мавҷуд аст. Мо кӯшиш мекунем дар ҳамин мавзеъ аз рӯи талабот, чӣ хеле ки имконият ҳаст ягон манбаи маблағгузорӣ ёфта, бунгоҳи тиббӣ бунёд намоем. Инҳам дар бисёр маврид бо дастгирии шахсони саховатпеша ва соҳибкорон анҷом дода мешавад. Баъди нишасти матбуотӣ алабатта рафта аз ин ҳолат пурра бохабар мешавам”.
Раиси ноҳияи Кӯшониён Вализода Имкромиддин низ гуфт, ки ин масъала мавриди корбарӣ қарор дорад.
Охиран санаи 15-феврал дар нишасти матбуотии раиси вилояти Хатлон муовини якуми раиси вилоят Мирзозода Музаффар дар посух ба ин суол гуфт, ки бо имкони вақт рафта ба ин ҳолат аз наздик шинос мешавад. Ӯ аз ҷумла иброз дошт, ки: “Мо вазифадорем дар ҳалли масъала чораҳои таъхирнопазир андешем. Гурӯҳи корӣ таъсис дода, рафта мебинем, роҳи ҳалли мушкилотро ёфтан лозим”.
Дар воқеъ раванди созандагиҳо дар кишварамон бесобиқа аст ва аз ин ҳар як соҳибватан ифтихор доранд. Ҳадафи журналист низ аз пайгир шудани як суол дар чанд нишасти матбуотӣ ҳам ободии як гӯшаи диёр, ҳалли мушкили сокинони маҳал аст ва интиминон дорем, ки масъулон сари ин гуна мавзӯъҳо ҷиддӣ корбарӣ менамоянд ва дар нишастҳои матбуотии оянда дар посухи ин суол иттилои хушоянд хоҳем шунид.
Маҳмадалӣ Акрамов,
радиои “Тоҷикистон”