Баррасии рушди ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид дар Душанбе

26 феврали соли 2024 дар шаҳри Душанбе вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин ва ёвари дабири кулли СММ, муовини мудири Барномаи рушди СММ (UNDP) ва ҳамзамон директори минтақавии UNDP барои Аврупо ва кишварҳои Иттиҳоди давлатҳои мустақил Ивана Живкович мулоқот намуданд.

Дар ин хусус сомонаи расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар дода менависад, ки ҳамсуҳбатон перомуни ҳолати кунунӣ ва дурнамои рушди ҳамкории судманди Тоҷикистон ва Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид (UNDP) табодули афкор намуда, мавзуоти марбут ба лоиҳаҳои аз ҷониби ин Барнома дар Тоҷикистон татбиқшаванда, чорабиниҳои дарпешистода, инчунин имконоти густариши равобити тарафайнро дар соҳаҳои мухталиф матраҳ намуданд.