24 феврали соли 2024 вохӯрии сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон А. Раҳмонзода бо вазири сармоягузорӣ, саноат ва савдои Ҷумҳурии Ӯзбекистон Л. Қудратов доир гардидааст.
Тавре сомонаи расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, ҷонибҳо аҳаммияти иҷрои саривақтӣ ва рафти татбиқи ҳуҷҷатҳои имзошударо қайд намуданд.
Дар хотима ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки ҳамкориҳоро дар соҳаҳои саноатии ду кишвар фаъол сохта, нақшаҳои тарафайнро мувофиқа карда, пешниҳодҳо таҳия кунанд ва барои рушди минбаъдаи ҳамкориҳои дуҷониба чораҳои зарурӣ андешанд.