Имрўз дар Китобхонаи Миллии Тоҷикистон Ҷаласаи 16-уми Комиссияи байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Беларус доир гардид.
Дар кори ҷаласа Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қурбон Ҳакимзода ва ҳайати Ҷумҳурии Беларус таҳти роҳбарии Вазири кишоварзӣ ва озуқавории ин кишвар Сергей Бартош – ҳамраиси қисми беларусии Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Беларус доир ба ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ, намояндагони вазорату идораҳо, доираи тиҷоратии ҳарду кишвар ширкат доштанд.
Ҷонибҳо ҳолати кунунӣ ва дурнамои ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ ва сармоягузорӣ, ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ, саноат, озуқаворӣ, илму маориф, тандурустӣ, дорусозӣ, ҳифзи комплекси агросаноатӣ ва дигар масъалаҳои ҷолиби таваҷҷуҳи тарафайнро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Вазири кишоварзии мамлакат Қурбон Ҳакимзода изҳор дошт, ки яке аз нишондиҳандаҳои асосии рушди ҳамкории иқтисодӣ-мубодилаи мол ба шумор рафта, солҳои охир муомилоти байни ду давлат афзуда, номгӯи молҳои содиротиву воридотӣ васеъ гардид.
Маърузакунандагон оид ба ҳафт мавзуъ фикру андешаҳои худро иброз дошта, барои рушди саноати мошинсозӣ, саноати сабук, омодасозии кадрҳои агросаноатӣ, коркарди гиёҳҳои шифобахш ва рушди соҳаи дорусозӣ, ҳамкориҳо дар соҳаи илм, тандурустӣ ва тавсеаи ҳамкорӣ байни минтақаҳои ҳарду ҷумҳурӣ пешниҳодҳои ҷолибе намуданд. Таъкид карда шуд, ки ҳоло имконоти истифоданашуда хеле зиёд буда, таъсиси корхонаҳои муштарак, табодули таҷрибаи мутахассисон ба рушди ҳамкориҳои иктисодиву тиҷоратӣ такконе хоҳанд бахшид.
Дар мавриди ҳамкориҳои минтақавӣ муовини раиси шаҳри Душанбе Абдураҳмон Абдураҳмонзода зикр намуд, ки ҳамкорӣ бо ширкатҳои истеҳсоли воситаҳои нақлиёти барқӣ хуб ба роҳ монда шуда, дар оянда барои воридоти маҳсулоти ғизоӣ, аз ҷумла шакар шартномаҳо ба имзо мерасанд, то таъминоти сокинони пойтахт бо ин намуди маҳсулоти ниёзи аввалия боз ҳам беҳтар гардад. Дар самти коркарди маҳсулоти ширӣ, таъсиси корхонаҳои муштарак нақшаҳо амалӣ мегарданд.
Муовини аввали раиси вилояти Суғд Хол Ҳайдар таъкид намуд, ки агар дар соли 2022 гардиши савдои вилоят бо минтақаҳои Белорус 29,4 миллион долларро ташкил дода бошад, дар ҳашт моҳи соли равон ин нишондиҳанда аллакай ба 30,2 миллион доллар баробар шудааст.
Ин ҳама нишондиҳандаҳо исботи рушди ҳамкориҳо ва натиҷабахшии кори Комиссияи байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Беларус буда, дар охири ҷаласа боз созишномаҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд.
Ёдовар мешавем, соли 2022 ҳаҷми муомилоти мол бо Ҷумҳурии Беларус ду баробар афзуда, 89,4 миллион доллари ИМА-ро ташкил додааст. Дар ин давра ҳаҷми содирот аз Тоҷикистон ба Беларус 7,2 миллион доллар ва воридот аз Беларус ба Тоҷикистон 82,2 миллион долларро ташкил додааст. Тоҷикистон асосан ба Беларус нахи пахта, мева ва меваҳои хушк содирот намудааст. Аз Белорус ба Тоҷикистон техникаи кишоварзӣ, воситаҳои нақлиёт, Ҳамзамон гардиши тиҷоратӣ байни ду давлат дар 6 моҳи соли равон дар муқоиса ба соли 2022 62,4 фоиз афзоиш ёфтааст.
Ш. Аҳмад