15 октябри соли 2025, дар шаҳри Душанбе раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-полковник Раҷабалӣ Раҳмоналӣ бо вазири ҳолатҳои фавқулодаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Ботир Қудратходжаев мулоқот анҷом доданд.
Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои густариши ҳамкории дуҷонибаро дар соҳаи пешгирӣ ва бартарафсозии ҳолатҳои фавқулода баррасӣ намуда, нақшаи нави ҳамкориҳоро барои солҳои 2026-2027 имзо карданд.
Ҳамзамон, иҷрои Созишномаи байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи ҳолатҳои фавқулода (аз 9 марти соли 2018) мавриди муҳокима қарор гирифта, дар ин самт ҳама пешравиҳои соҳавиро намунаи барҷастаи дастгириҳои сарони давлатҳо арзёбӣ карданд.
Мулоқот дар фазои дӯстона ва ҳамдигарфаҳмӣ баргузор гардида, ҷонибҳо омодагии худро барои таҳкими минбаъдаи робитаҳо ва табодули таҷриба изҳор намуданд.
Сураё Сироҷиддин
радио «Тоҷикистон«
