Имрӯз аз натиҷаи баргузории Форуми байналмиллалии сармоягузории «Душанбе Инвест- 2025» бо иштироки рӯзноманигорони дохилу хориҷи кишвар нишасти матбуотӣ баргузор гардид.
Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии кишвар зимни натиҷагирӣ аз Форуми мазкур изҳор дошт, ки дар Форум беш аз 1500 иштирокчӣ зиёда аз 50 кишвари ҷаҳон, намояндагони ҳукуматҳо, созмонҳои байналмиллалӣ, муассисаҳои молиявӣ, ширкатҳои бузург ва бахши хусусӣ ширкат йварзиданд. Инчунин иттилоъ дода шуд, ки дар раванди форум 3 ҷаласаҳои пленарӣ, аз ҷумла ҷаласаи махсуси пленарӣ бахшида ба имкониятҳои сармоягузории шаҳри Душанбе, 12 ҷаласаҳои панелӣ ва як қатор мизҳои гирд баргузор гардиданд, ки мавзӯҳои сармоягузориҳои сабз, рақамикунонӣ, ва зеҳни сунъӣ, рушди шаҳрҳо, саноат, кишоварзӣ, сайҳёӣ ва ҳамкории давлату бахши хусусиро дар бар гирифтанд. Дар доираи форум инчунин 52 созишнома ва санадҳои ҳамкорӣ ба маблағи умумии 4, 1 миллиард доллари ИМА ба имзо расиданд, ки аз ин 17 созишнома бо маблағи 501 мллион доллар ба шаҳри Душанбе рост меояд.
Ҳамзамон, гўшаи вижаи Форум амал кард, ки он муаррифии зиёда аз 20 лоиҳаҳо ва ташаббусҳо баргузор гардиданд. Дар охири нишасти хабарӣ гуфта шуд, ки «Душанбе Инвест 2025» мавқеи Тоҷикистонро ҳамчун шарики боэътимод ва кушода барои ҳамкориҳои сармоягузории дарозмуддат дар сатҳи байналмиллалӣ боз ҳам тақвият бахшид.
О. Шарипова
радиои “Тоҷикистон”