Имрӯза дар доираи баргузории Форуми байналмилалии сармоягузорӣ «Душанбе Инвест — 2025» сесияи махсус дар мавзӯи «Шаҳрҳои оянда: бехатар, сабз ва ҳушманд» баргузор гардид. Дар сесия муовини аввали раиси шаҳри Душанбе, муовини аввали раиси шаҳри Тошканд, Сафири фавқулодда ва муҳтори Ҷумҳурии туркманистон дарҶумҳурии Тоҷикистон, директори иҷроияи Шӯрои тиҷоратии ИМА, роҳбари дастгоҳи шаҳри Бокуи Ҷумҳурии Озарбойҷон ва раиси Шӯрои тиҷоратии Россияву Тоҷикистон иштирок ва суханронӣ намуданд. Дар доираи сесия масъалаи имкониятҳои сармоягузорӣ ба шаҳри Душанбе, рушди сайёҳӣ дар шаҳр ва Душанбе ҳамчун шаҳри сабз баррасӣ гардиданд.
Дар сесия Бахтиёр Шарифӣ муовини аввали раиси шаҳри Душанбе суханронӣ карда, иброз намуд, ки солҳои охир ҷалби сармояи хориҷӣ ба соҳаҳои иқтисодиёти шаҳри Душанбе зиёд гардида, танҳо дар шаш моҳи соли равон ҷалби сармоя 2,2 миллиард доларро ташкил дод. Инчунин шаҳри Душанбе ҳамчун шаҳри амн ва дорои имкониятҳои муосидбарои сайёҳӣ мебошад, гуфт Бахтиёр Шарифӣ муовини аввали раиси шаҳри Душанбе. Дар идома Бахтиёр Ҳайдаров муовини аввали раиси шаҳри Тошканд бармад карда, гуфт, ки Ҷумҳурии Узбекистон бо Ҷумҳурии Тоҷикистон дӯстии қавӣ ва таъриху фарҳанг, инчунин манифиатҳо умумӣ дорад. Ба хусус солҳои охир ҳамкорӣ байни шаҳрҳои Душанбе ва Тошканд дар соҳаҳои гуногун тақвият ёфта, Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шарики боэътимоди Ҷумҳурии Узбекистон табдил ёфтааст. Бояд гуфт, ки дар доираи сесияи махсуси шаҳри Душанбе дар мавзӯи «Шаҳрҳои оянда: бехатар, сабз ва ҳушманд» давоми рӯз якчанд ҷаласаҳои мавзӯи доир мегардад, ки дар онҳо стратегияи ҳамкории иштирокчиён барои давраи оянда муайян ва қабулкарда мешавад.
Сарвинози Сайдалӣ
радиои “Тоҷикистон”