Муштариёни азиз!
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон об манбаи асосии истеҳсоли неруи барқ ба шумор рафта, зиёда аз 90 фоизи барқ дар неругоҳҳои барқи обӣ истеҳсол мегардад. Ҳамзамон, ҳаҷми истеҳсоли барқ ба резиши оби дарёҳо алоқамандии зич дорад.
Ба ҳама маълум аст, ки бо фарорасии мавсими тирамоҳу зимистон бар асари хунук шудани ҳарорати ҳаво камшавии маҷрои дарёҳо ва захираҳои об дар ҳавзаи ташаккулёбии дарёи Вахш, инчунин, сол ба сол зиёд шудани талаботи соҳаҳои иҷтимоиву иқтисодии мамлакат ба неруи барқ норасоии мавсимии неруи барқро ба миён меорад. Чунин вазъият талаб менамояд, ки барои дар фасли зимистон бо барқ таъмин намудани аҳолӣ ва соҳаҳои иқтисоди миллӣ тадбирҳои иловагӣ андешида шаванд.
Ҳоло манбаи асосии захираи обу энергетикии кишвари мо, яъне обанбори НБО-и Норак то нуқтаи ниҳоӣ аз об пур карда шудааст. Вале ҳаҷми воқеии резиши об дар муқоиса ба соли гузашта ва ҳисоби миёнаи бисёрсола кам аст.
Вобаста ба ин, аз рўи ҳисоби мутахассисони соҳа соли ҷорӣ низ норасоии мавсимии неруи барқ пешгўӣ карда шудааст ва вазъи пешгўишуда танзими реҷаи истифодаи захираҳои обу энергетикиро дар низоми энергетикии кишвар ва истифодаи сарфакоронаю самараноки неруи барқро дар корхонаҳо, ташкилоту муассисаҳо ва манзилҳои истиқоматӣ тақозо менамояд.
Ҳамзамон бо ин, таҷрибаи солҳои қаблӣ собит менамояд, ки ҷиҳати таъмини беҳтари барқ дар мавсими сармо анҷом додани корҳои таъмиру профилактикӣ дар таҷҳизоти шабакаҳои барқӣ ва зеристгоҳҳо яке аз масъалаҳои муҳим мебошад. Аз ин рў, аз ҷониби мутахассисони ҷамъиятҳои саҳҳомии кушодаи «Шабакаҳои интиқоли барқ» ва «Шабакаҳои тақсимоти барқ» бо мақсади ба давраи тирамоҳу зимистон пурра омода намудани иншооти энергетикӣ дар рўзҳои нисбатан гарми фасли тирамоҳ дар як қатор зеристгоҳҳо ва хатҳои интиқоли барқ корҳои таъмир гузаронида мешаванд.
Амалисозии ин тадбирҳо имкон медиҳад, ки шабакаҳои барқӣ ба давраи тирамоҳу зимистон хубтар омода карда шаванд ва оби сарфагардида дар мавсими сармо барои таъмини шабонарўзии аҳолӣ бо неруи барқ истифода гардад.
Муштариёни азиз!
Ҷамъиятҳои саҳҳомии кушодаи «Барқи Тоҷик», «Шабакаҳои интиқоли барқ» ва «Шабакаҳои тақсимоти барқ» ба маҳдуд намудани таъминоти барқ манфиатдор нестанд. Вале захираҳои обу энергетикие, ки мо ҳоло дар ихтиёр дорем, ҳаминро талаб менамояд.
Ҳамчунин, дар назар бояд дошт, ки захираҳои обу энергетикии дар рўзҳои мусоид сарфашуда барои дар мавсими зимистон бештар бо неруи барқ таъмин кардани муштариён истифода бурда мешаванд.
Маркази матбуоти
ҶСК «Барқи Тоҷик»