Фестивал-симпозиуми байналмилалии «Фалак» оғоз гардид

Имрӯз дар Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллии Тоҷикистон” Фестивал-симпозиуми байналмилалии «Фалак» таҳти унвони «Фалак ва истиқлоли давлатӣ: аз эҳё то эътирофи ҷаҳонӣ» ба кори худ оғоз кард.

Дар оғози чорабинӣ Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Сатториён суханронӣ намуда, зикр кард, ки Фалак ҳамчун мероси нодири фарҳанги миллӣ дар даврони соҳибистиқлолӣ эҳё гардида, имрӯз ба сатҳи ҷаҳонӣ расидааст.

Ӯ афзуд, ки сиёсати фарҳангпарваронаи давлат ва ҳукумат, махсусан таваҷҷуҳи бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушди санъати миллӣ ва ҳифзи арзишҳои фарҳангӣ заминаи муҳиме барои эҳёи мусиқии суннатии тоҷик гузошт.

Дар идомаи чорабинӣ профессорон, омӯзгорон, донишмандон ва мутахассисони соҳаи мусиқӣ иштирок намуда, дар бораи таърих, мақом ва нақши “Фалак” дар таҳкими ҳувияти миллӣ маърӯзаҳо ироа менамоянд.