Баргузории Панели «Минералҳои муҳим барои рушди иқтисоди сабз» дар доираи «Душанбе Инвест — 2025»

Дар Панели   “Минералҳои муҳим барои рушди иқтисоди сабз” бо ширкати вазири саноат ва технологияи нав Шералӣ Кабир ва намояндагони Бонки Осиёии Рушд  таваҷҷуҳи бештар ба маъданҳои куҳии Тоҷикистон ҷалб гардид. Таъкид карда шуд, ки дар оянда барои ҷомеаи ҷаҳонӣ талабот ба  22 намуди  минерал бештар мегардад, ки хушбахтона 12 адади он дар Тоҷикистон мавҷуд аст. Пешниҳод гардид, ки маҳз истифода ва коркарди ин ҳама метавонад ҳам ба рушди иқтисоди сабз кумак расонад ва ҳам дар минтақаҳои  ҷумҳурӣ имкони таъсиси ҷойҳои нави кориро диҳад.

Сардори раёсати муносибатҳои байналмиллалии вазорати саноат ва технологияҳои нави ҷумҳурӣ Темури Ёрибек зимни суҳбат бо Радиои Тоҷикистон таъкид намуд, ки баргузории ин гуна форумҳо метавонад ба рушди ҳамкориҳо такон бахшад. Номбурда ҳамчунин зикр намуд, ки дар Панели мазкур аз ҷониби Бонки Осиёии Рушд пешниҳод гардид,  ки   барои таҳияи Барномаи рушди саноат барои солҳои 2026-2030 дар Тоҷикистон ҳамкориҳо ба роҳ монда шаванд.

Таваҷҷуҳ ба технологияи навин ва истифодаи зеҳни сунъӣ  низ зиёд буд.   Дар анҷоми кори  Панели мазкур   аз ҷониби сармоягузорон нисбат ба имкониятҳои сармоягузорӣ ва имтиёзҳои мавҷуда  дар кишвари мо изҳори қаноатмандӣ зоҳир карда шуд.